05 Сентябр 2016
Зери ҳамин унвон бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 12, деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмон ҳамоиши ҷомеаи меҳнатии омўзгорону муҳассилин доир шуд. Ҷиҳати боз ҳам рангину пурмўҳтаво ҷараён гирифтани чорабинии мазкур меҳмонони зиёд: адибону олимон, хабарнигорон ва дигар нафарони касбу кори гуногуни деҳа дар саҳни ин маърифатгоҳ сарҷамъ омаданд.
-Ҳадаф аз ин чорабинӣ албатта, истиқболи сазовори ҷашни бузурги сиёсии миллат 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст,- иброз дошт Улуғбек Хоҷаев директори муассисаи мазкур,- ва дар ин доира рўнамоии китоби омўзгорони мактаб Буҳоҷали Туёқбой ва Марҳамати Абдулазиз «Армонимсан Ватан» мебошад, ки он ҳам ба таҳкими дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, дўстиву рафоқати халқҳо бахшида шудааст. Муҳимтар аз ҳама насли наврасро дар рўҳияи арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ тарбия кардан ва рў овардани насли наврас ба арзишхои истиқлолӣ, ҳифзу эҳтиром гузоштан ба дастовардҳои соҳибистиқлол аст.
Лозим ба ёдоварист, ки китоби мазкур ёздаҳумин маҷмуаи аъзоёни доираи адабии «Илҳом» буда, он бо ибтикори Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ба ифтихори Истиқлолияти давлатӣ чун армуғон рўи чоп омадааст.
Рустамҷон Одизода, сармуҳррири нашрияи «Соҳил», Сафаралӣ Эркаев, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Ҷовиди Аштӣ, намояндаи расмии рўзномаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд назди ҳозирин аз аҳамияти оламшумули эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон, талошу такопўйҳои халқи точик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ҷиҳати ҳифзи соҳибистиқлолӣ, роҳҳои тайкардаи мардуми кишвар баҳри дастовардҳои гуногун дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ сухан карданд.
Барномаи тарҳрезишудаи сиёсиву адабии санъаткорони муассисаи таълимӣ чун беҳтарин тўҳфа пешкаши ҳозирин шуд.