13 Сентябр 2016
Дар рўзҳои таҷлили ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободкориву созандагӣ дар шаҳри Гулистон боз ҳам вусъати тоза гирифт.
Ба масофаи 1 километру 300 метр роҳи мошингарди кўчаҳои ба номи Мирзо Турсунзода, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дўстии халқҳо мумфарш карда шуд. Корҳои мумфаршкуниро ҶДММ “Манзил-2014” амалӣ менамояд.