20 Сентябр 2016
Дар шўъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Гулистон толори варзишие дар чаҳорчўби барномаи “Маркази ҳамкории ҷомеа бо милитсия” ва бо маблағгузории сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон боз гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ва Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон рўзи 19 сентябр дар маросими ифтитоҳи ин толор иштирок намуданд. Ба нақши муҳими варзиш дар зиндагии инсон Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон таъкид кард ва гуфт, "умедворам, ин толори варзишӣ ҳамкориву робитаҳои аъзои ҷомеа - ҷавонону полис ва ҳукумати маҳаллиро зичтар мегардонад. Онҳо дар фазои ғайрирасмӣ ва доимӣ бо ҳам сўҳбат мекунанд ва робитаҳояшонро қавӣ мегардонанд”.
Толори варзишӣ дар таҳхонаи бинои милитсияи шаҳр ҷойгир буда, аз ду толори тамрини муҷаҳҳаз бо лавозимоти варзишӣ, утоқҳои шустушў ва фароғат иборат аст. Аз ин толори варзишӣ кўдакону ҷавонони маҳаллӣ ҳам истифода хоҳанд кард.
Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, муовини авали сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Баҳодур Ваҳобзода, бошандагони шаҳр Дилнозаи Кишвар, Мирзо Шарипов, Майрамой Тухтаева барои чунин амали хайр миннатдорӣ баён намуданд.
Ин нахустин боздиди Элизабет Миллард аз навоҳии вилояти Суғд баъди ба вазифаи сафирӣ таъин шудани ў дар моҳи январ мебошад. Сафири Амрико бо як сафари серўза ба Суғд омадааст.
Дар доираи ин сафар мулоқот бо Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барпо шуд. Ҳамчунин дидору сўҳбатҳо дар “Гўшаи амрикоӣ”-ии Хуҷанд, сафар ба ноҳияи Исфара ва иштирок дар маросими ифтитоҳи синфхонаҳои як мактаби миёна, ки бо маблағгузории сафорати ИМА муҷаҳҳаз карда шудаааст, аз барномаҳои ин сафар аст.