08 Ноябр 2016
Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилии шаҳри Гулистон!
Ҷашни таъсисёбии мақомоти милитсияи тоҷик дар замоне таҷлил мегардад, ки кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол муддати бисту панҷ сол дар арсаи байналмилалӣ арзи ҳастӣ дорад. Дар ин давра тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳкоми давлатдорӣ пойдор гардида, ҳаёти мардуми кишварамон дар муҳити орому осоишта ва рушди босубот идома дорад.
Роиҷ ба зикр аст, ки роҳи пуршарафи милитсияи тоҷик дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои зарин навишта шудааст. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ он доимо дар сафи пеши мубориза баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, анъанаҳои онҳоеро, ки сари гаҳвораи ин ниҳоди муҳими давлатӣ буданд, бошарафона идома медиҳад. Дар таърихи ташаккул ва инкишоф милитсияи Тоҷикистон роҳи пуршарафи тараққиётро тай кардааст. Дар ин дарозо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар сафи аввали мубориза бар зидди ҷинояткорӣ будаанд.
Ҳодисаҳои маълуми солҳои 90-ум ва ҷанги фалокатбори таҳмилӣ пешорӯи шарафу мардонагӣ ва садоқату шуҷоатмандии милитсияи тоҷик имтиҳони навбатиро гузоштанд. Дар ин ҷода мақомоти милитсия дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа, барқарор намудани сохти конститутсионии давлат ва ҳимояи ҳаёти осудаи сокинони мамлакат аз қувваҳои ҷинояткор фидокорона дар набард шуданд. Дар он вазъияти мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, ки фаъолнокии гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва болоравии сатҳи қонуншиканӣ бараъло эҳсос мешуд, кормандони милитсия бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди моддиву техникӣ вазифаҳои муқаддаси худро сарбаландона иҷро менамуданд.
Дар ҷомеа падидаҳои нави ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, хариду фурӯши одамон, экстремизми динӣ, ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ба вуҷуд омаданд, ки фаъолияти кормандони мақомоти милитсияро боз ҳам вазнинтар мегардонданд.
Маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти муназзами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осудагиву суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта шуд, ашхоси ҷинояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст.
Бинобар ин, вазъи риояи тартиботи ҷамъиятии кишвар дар маҷмӯъ ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ вобастагии мустақим дорад. Пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва нуфузи байналмилалии он аз сулҳу суботи ҷомеа вобастагии калон дорад, ки он низ ба сатҳу сифати фаъолияти шумо ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматиатон робитаи бевосита дорад.
Кормандони шуҷоатманди милитсияи Гулистонро ба ифтихори Рӯзи милитсия бо самимият муборакбод менамоям. Ба Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаободиву саодатмандӣ ва дар кори басо мушкилу душвор, пурмасъулу серталабатон комёбиҳои нав ба нав орзумандам.
Иди касбӣ муборак, дӯстони азиз!