25 Ноябр 2016
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар толори ШВКД-и шаҳри Гулистон ҷамъомади идонаи ҷомеаи меҳнатӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини сардори ШВКД-и шаҳр подполковники милитса Баҳром Саидзода бо суханони ифтитоҳи ҳусни оғоз бахшида, доир ба рамзи давлатӣ, мақом ва арзиши он сухан ронда, кормандонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуд.
Сипас мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода роҷеъ ба муқаддасоти миллӣ, таърихи бостонии парчамдории тоҷикон ва Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза кард.