14 Декабр 2016
Дар толори хурди МИҲД-и шаҳр ба ифтихори Рўзи кормандони молия мулоқоти Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо кормандони ин соҳа сурат гирифт.
Сарвари шаҳр зимни суханронии худ зикр намуд, ки муносибатҳои молиявӣ низоми махсуси муносибатҳои иқтисодианд, ки ба ташкил, тақсимот ва истифодаи самараноки захираҳои молию пулӣ, бо мақсади таъмини ниёзи давлат, корхона, ташкилоту муассиса ва шаҳрвандон равона карда шудаанд.
Муҳтаво ва моҳияти иқтисодии муносибатҳои молиявӣ аз тавсифи воситаҳои пулӣ ва вазифаҳои асосии он бармеояд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар низоми идоракунии устувори молиявии ҷавобгў ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташкил ва рушд ёфтааст. Яке аз падидаҳои асосии ин низом барориш ва амалкарди воҳиди ягонаи пулӣ, пеш бурдани сиёсати пулию қарзӣ, такмили низоми андозбандӣ, шаффофӣ ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷет таъмин гардидааст. Ҳамзамон, Раиси шаҳр роҷеъ ба вазифаҳои асосии сохторҳои ниҳоди молияи шаҳр сухан ронда, кормандони мақомоти молияро бо иди касбиашон шодбош намуд.
Дар фарҷоми мулоқот ба гурўҳи калони кормандон ва собиқадорони мақомоти молияи шаҳр сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаҳо супорида шуданд.