19 Декабр 2016
Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқ ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаи вазъи рушди соҳаҳои хоҷагии халқ дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2016 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайратҷон Оқилзода роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон маърўзаи муфассал намуд. Дар маърўза дастовардҳо, бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқ саҳеҳу дақиқ таҷзия гардида, зикр карда шуд, ки дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2016 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 83,2 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 102,7 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад.
Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар ин давра ба маблағи 1 миллиарду 866 миллиону 155,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 143,9 фоизро ташкил дод ва ин нишондиҳанда ба маблағи 569,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, соҳаи саноат бо 22 кишварҳои ҷаҳон алоқаи тиҷоратӣ намуд ва дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба кишварҳои хориҷа ба маблағи 150 миллион доллари ИМА, воридот бошад 32,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, фарқияти содирот аз воридот дар ин давра 4,6 маротиба зиёд шудааст. Дар маърўза инчунин дигар соҳаҳои хоҷагии халқ муфассал таҷзия гардиданд.
Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода доир ба раванди вазъи буҷету андоз, тақвияти фаъолияти сектори хусусӣ ва хизматрасонӣ, нарху наво дар бозорҳои шаҳр, рушди ҳунарҳои миллӣ, ҷамъоварии ҳаққи нерўи барқ, пардохтҳои коммуналӣ, ҷараёни зимистонгузаронӣ, вазъи обтаъминкунӣ, доир ба корҳои ободонӣ, фаъолияти муассисаҳои коммуналӣ, танзими расму оинҳо, вазъи муҳоҷират, кор бо ҷавонон, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, татбиқи забони давлатӣ, ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ ва монанди ин пурсишҳо ба амал оварда, доир ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод. Сарвари шаҳр ҳамзамон доир ба таҷлили пурушукўҳи Соли нави милодӣ масъулинро муваззаф кард.
Дар кори ҷаласаи фаъолони шаҳр муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода иштирок ва баромад намуд.