Матни равон

Муҳтарам энергетикони Гулистон!

Ҳар сол 22-юми декабр дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо Иди касбии кормандони соҳаи барқ – Рўзи энергетикҳо ботантана таҷлил мегардад.

Маълум аст, ки энергетика яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқ буда, пояи асосии рушди саноату иқтисодиёт ба шумор меравад. Тараққиёти хоҷагии халқ, беҳбудии рўзгори мардум аз пешравии соҳаи энергетика вобастагии калон дорад.

Бо туфайли дастуру супоришоти ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони иншоотҳои барқӣ дар Тоҷикистон бомуваффақият идома дорад. Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд, ки яке аз хадафҳои стратегии мамлакат ин пурра таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва табдил додани Тоҷикис-тон ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи нерўи барқ дар Осиё мебошад.

Бисёр рамзист, ки имсол 60 сол мешавад, ки Нерўгоҳи барқии обии "Дўсти халқҳо»-и Гулистон пас соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Суғдро ва мураттаб бо нерўи барқ таъмин мекунад. Таърих гувоҳ аст, ки Нерўгоҳи мо маҳсули дўстиву рафоқат ва нияту ормонҳои нек буда, имрўз дар шароити воҷибияти ин нерўи зиндагисоз пай- васта дар хизмати халқу мамлакат аст. Мо, тамоми сохтмончиён, мутахассисон, коргарони ин сохтмони азимро ҳамеша бо некӣ ва бо эҳтироми хоса ба ёд меорем. Зеро матонату ҷасорат ва фидокорӣ дар сохтмони ин Нерўгоҳ намунаи ибрати имрўзиёну фардоиён аст.

Барқчиёни гиромӣ!

Имрўз шумо иди касбии худро тавассути меҳнати фидокорона ва сарбаландӣ бо дастовардҳои наҷиби меҳнатӣ пешвоз мегиред. Расо 60 сол муқаддам 15-уми декабри соли 1956, яъне пас аз шаш соли оғози сохтмони Нерўгоҳи барқии обии Гулистон нахустин киловаттҳои қувваи барқро истеҳсол намуда буд. Дар таърихи беш аз нимасраи худ Нерўгоҳи барқи обии Қайроққум ба хоҷагии халқи мамлакат беш аз 40 миллиард кВт/соат қувваи барқ истеҳсол карда, барои рушду нумўи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидати комил намудааст. Солҳои охир дар фаъолияти нерўгоҳ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқўъ пайваста, фаъолияти он бонизому пурмаҳсул гардидааст. Итминони комил дорам, ки соли равонро энергетикҳои мо бо натиҷаҳои ниҳоии беҳтарин ҷамъбаст хоҳанд кард. Ҳамчунин зикр карданиам, ки Нерўгоҳи барқи обии «Дўстии халқҳо» ба хоҷагии халқи шаҳру вилоят хизмати беминнат ва холисона намуда, ба хонадони мардум муттасил партаву нур мебахшад. Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон итминон дорад, ки энергетикҳои гулистонӣ вазифаҳои худро оид ба таъмини нерўи барқ бошарафона иҷро карда, барои пешбурду инкишофи хоҷагии халқи шаҳру вилоят ва беҳбудии зиндагии мардум ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.

Дўстони азиз!

Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, тамоми кормандони соҳаи барқи шаҳру шаҳракҳоро бо Иди касбиатон самимона муборакбод гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои тоза ба тозаи меҳнатӣ орзу менамоям.

Иди касбӣ муборак, энергетикиҳои азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:779
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2331
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9773
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43372
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7685292

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?