23 Январ 2017
Дар шаҳри Гулистон гурўҳи корӣ ҷиҳати шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон беш аз 15 мулоқот баргузор намуданд.
Ба ҳайати гурўҳи корӣ Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода, мушовири ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, муовини раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода, муовини прокурори вилояти Суғд Мирзоамон Рофизода, прокурори шаҳри Гулистон Абдулло Абдуллозода, сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Гулистон Хаёл Ҳакимов, муовини сардори ШВКД дар шаҳри Гулистон Баҳром Саидзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Каромат Қосимова шомил буданд.
Дар давоми рўзҳои 11-18-уми январи соли 2017 гурўҳи корӣ бо фаъолони маркази шаҳр, Ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Зарнисор, Сирдарё, ҷомеаи меҳнатии КМ «Апрелевка», Шабакаҳои барқи Суғд, ШСКТХ, ҶСШК «КНФЛ», осоишгоҳи «Баҳористон», урдугоҳи «Шоҳин» ва намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонону бонувон мулоқотҳои самимӣ ва пурмазмун доир намуданд. Дар Кохи фарҳанги «Истиқлол»-и маркази шаҳр бахшида ба эълон доштани Соли 2017 – соли ҷавонон мулоқоти гурўҳи корӣ бо ҷавонони Гулистон ба вуқўъ пайваст, ки дар он ҷавонони фаъоли корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, Ҷамоатаи шаҳракҳо, мутахассисони ҷавони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ширкат варзиданд.
Гурўҳи корӣ дар баромадҳои худ роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат сухан ронда, зикр намуданд, ки воқеан паём навид аз оғози марҳилаи нави рушди кишвар, паём аз ворид гардидани мардуми шариф ва халқи заҳматпешаи кишвар ба марҳилаи нави пешрафту бунёдкориҳо мебошад. Натиҷаи назарраси заҳматҳои софдилонаву ватандўстонаи халқи тоҷик ва мардуми Тоҷикистон дар зарфи 25 соли тайшуда, поягузории ҷасурона ва боэътимоди Истиқлолияти Тоҷикистони азиз дар роҳи эҳёи ҳастии миллат, роҳандозӣ намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии халқамон дар ҷодаи расидан ба дастовард ва ормонҳои бузург аст.
Метавон гуфт дар зарфи 25 сол заминаҳои қавӣ ва мустаҳками истиқлолияти кишварамон новобаста ба мушкилоти рўзгор, вазъи мураккабу номусоиди ҷаҳонӣ гузошта шуданд. Мо ҳаргиз набояд аз ёд бубарем, ки Истиқлолияти давлатии мо аз рўзҳои аввали ба дунё омаданаш ба чӣ озмоиши сангини таърих рў ба рў омад, чӣ қадар душманони дохиливу берунӣ дошт ва баъд аз ҷангҳои таҳмилии шаҳрвандӣ дар чӣ харобазор, дар чӣ вазъи сангин лозим омад, ки бунёд ёбад. Ин имтиҳони ҷиддӣ ва гароне буд, ки халқи хирадпешаи мо, фарзандони наҷиби он тавонистанд сарбаландона аз он гузаранд. Бинобар ин, ёдоварӣ дар Паём аз ин корномаи мардуми мо ба маврид аст. Зеро ин Паём то ҷойе ҷамъбасти ҳаёти 25-солаи кишвари мост.
Дар вохўриҳо беш аз 35 нафар сокинони шаҳр миннатдории худро аз ташрифи гурўҳи корӣ изҳор намуда, барои оростани суҳбати пурмуҳтаво изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии хешро баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.
Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Гулистон