Матни равон

Модарон ва хоҳарони арҷманд!

Бонувони азиз!

Ба ифтихори ҷашни фархундаи Рўзи модарон, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ фаро мерасад, тамоми модарону бонувони гиромӣ ва духтарони азизи Гулистонро самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рўзгор орзу менамоям.

Ба оғози эҳёи табиат – фасли рўидани сабза, шукуфтани гулҳо ва ҷомаи сабзи баҳорӣ ба тан кардани дашту саҳрои сарзамини зебоямон рост омадани Рўзи модар рамзи басо неку хуҷаста мебошад.

Чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, модар худ сарчашмаи зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад.

Аз ин рў, мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дўст медорем, мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ўро ҳамеша пос медорем.

Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дўстдорӣ мебошад, зеро ў меҳрубонтарин, азизтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсўзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рўз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ў ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омўзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад. Модар вуҷуди муқаддас аст ва зиндагӣ аз ў ибтидо мегирад. Зан-модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз вай мебошад.

Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.

Имрўзҳо бонувони шаҳрамон баробари мардон номуси ватандориро ба дўши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.

Ҳамчунин онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдўсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.

Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.

Тавассути сиёсати некбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон дар бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон модели сиёсати давлатии Тоҷикистон эҷод карда шуд. Дар ин давра вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, инчунин проблемаҳои демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила асноди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Нақшаи миллии тадбирҳо дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо ба беҳбудии минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Имсол Рўзи модар дар соли таърихии 20-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад, ки ин рўйдоди басо арзишманд ва нерўбахши тамоми зиндагиномаи халқи тоҷик, Созишномаи бузурги тақдирсози давлати соҳибистиқлол мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд.

Занону модарони бонангу номуси мо ҳанўз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрў ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли Гурдофарид ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд.

Дар ин росто, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аллакай як қатор барномаҳо ва нақшаи тадбирҳоро дар амал татбиқ намуда, ин равияро мунтазам тақвият медиҳад. Тазаккур бояд дод, ки алҳол иштироки занон дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба дараҷаи бесобиқа баланд расидааст. Алҳол 51 (22700 нафар) дар сади аҳолии шаҳрро занону бонувон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр беш аз 70 нафар бонувон ба сифати роҳбар фаъолият бурда, 60 фоизи теъдоди кормандони соҳаҳои хоҷагии халқро бонувон ташкил медиҳанд. Дар қаламрави шаҳр зиёда аз 120 нафар занон бо соҳибкории хурду миёна машғуланд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки зан чароғи хонадон, сарчашмаи ҳама эҳсосоти зиндагибахш ва машъали роҳнамои ҷомеа мебошад. Боварӣ дорам, ки занону модарон ва хоҳарони гиромии шаҳру шаҳракҳои Гулистон масъулияти азалии худро ба ҷо оварда, бо фазлу ҳикмат ва бо меҳру муҳаббат ҷомеаи моро бо ҳама эҳсосоти пок ва ҳаётбахшу офаридагор саршор мегардонанд. Ҷаҳони муосир беш аз ҳар давраи дигар ҳассосу мураккаб гардида, имрўз ифротгароӣ ва терроризм ба як зуҳуроти ниҳоят ташвишовар ва зиёда аз ин, ба вабои аср мубаддал ёфтаанд.

Ин раванди хатарнок масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд.

Бахусус, модарони азиз метавонанд ва вазифадоранд, ки бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати модаронаи худ наврасону ҷавононро аз гаравидан ба гурўҳу созмонҳои ифротиву террористӣ эмин доранд, ба онҳо сабақи дурусти ҳаётӣ диҳанд ва нагузоранд, ки фарзанди бо ҳазор ранҷу заҳмат парваридаи онҳо бадкирдору бадбахт шавад.

Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётии худ медонад.

Ҳамчунин, мехоҳам ёдовар шавам, ки ҷашни шумо, занону модарони арҷманд, дар рўзҳои омодагӣ ба ҷашни бисёр муборак ва азизи мардуми мо – Наврўзи хуҷастапай таҷлил мегардад.

Ва тавре ки медонед, мардуми мо аз қадим ҳамчун миллати ободгару покизарўзгор дар остонаи ин ҷашни бузург хонаву кошона, сару либос, асбобу ашёи рўзгор, кўчаву хиёбон ва маҳаллу гузари худро тозаву озода мекард, боғу гулгаштҳоро ба тартиб меовард, гулу ниҳол мешинонд ва Наврўзи оламафрўзро бо дили саршор аз меҳру муҳаббат ва хонаву дари покиза истиқбол мегирифт.

Итминон дорам, ки модарону бонувони арҷманди мо чунин суннатҳои деринаи миллиамонро дар оянда низ идомаи нек бахшида, дар амри ободии Ватани азизамон, оромии ҷомеаи кишварамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлол нақши пурарзиш мегузоранд.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ин иди фархунда самимона табрик гуфта, бароятон як ҷаҳон шодиву сурур, тансиҳативу рўзгори хуш, комрониву саодатмандӣ ва комёбиҳои беназир дар фаъолияту зиндагӣ орзумандам.

Бигзор, дилҳои шумо ҳамеша монанди чашмаҳои кўҳистони кишвар поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошанд!

Идатон муборак бошад, модарон ва хоҳарони азиз!


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:620
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15306
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:51757
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8261269

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?