Матни равон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар давоми семоҳаи аввали соли 2017 фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монд.

Вазъи иҷрои буҷет

Дар давоми семоҳаи аввали соли 2017 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 28,4 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 124,9 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Дар натиҷа ба буҷет 5 миллиону 652 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гашт. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 8,7 миллион сомонӣ ё 121,6 фоиз ба иҷро расонида шуда, зиёда аз нақша 1,5 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд. Аз ёздаҳ намуди андозҳо танҳо як намуди андоз: андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ таъмин нашуд.

Воридоти барзиёдии андозҳо ба қисми даромади буҷет имкон дод, ки маблағгузории соҳаҳои мухталифи иҷтимоии шаҳр саривақт таъмин карда шаванд. Дар натиҷа нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 99,7% иҷро гардид. Танҳо ба ду соҳҳои асосӣ - маориф ва тандурустӣ 5,1 миллион сомонӣ ё 64,0% маблағи буҷет равона гардид. Пардохти музди маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ дар семоҳа бо пуррагӣ таъмин гардид.

Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷот 9 миллиону 18 ҳазор сомонӣ (нақша-8 миллиону 860,4) иҷро гашт, ки баробар ба 101,8% мебошад.

Гардиши савдои чакана ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ

Дар семоҳаи авали соли 2107 ҳаҷми гардиши фурўши моли чакана 11 миллиону 358,3 ҳазор сомонӣ мебошад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 100,2%-ро ташкил медиҳад. Дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми гардиши фурўши моли чакана 11 миллиону 335,3 ҳазор сомониро ташкил медод.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 16 миллиону 107,4 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум (16 миллиону 087,9 ҳазор сомонӣ) ба маблағи 19,5 ҳазор сомонӣ зиёд, яъне ба 100,1% баробар мебошад.

Ҷалби сармоягузорӣ

Дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2017 ба иқтисодиёти шаҳр 71,6 миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардида, аз он 68,7 миллион сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ (аз тарафи Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва харидани таҷҳизоти иловагӣ) ва 2,9 миллион сомонӣ инвеститсияи дохилӣ (аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ) ташкил дод, ки асосан ба сохтмони сехҳои истеҳсолӣ, хонаҳои истиқоматӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ мансуб мебошанд.

Шумораи умумии соҳибкорони инфиродӣ 782 нафар, аз ҷумла бо шаҳодатнома 193 нафар ва бо патент 589 нафар мебошанд.

Вазъи соҳаи саноат

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар семоҳаи аввали соли 2017 ба маблағи 764 миллиону 898,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 142,2 фоизро ташкил дод ва ин нишондиҳанда ба маблағи 633 миллиону 227,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз 29 корхонаи саноатии шаҳр 15-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,8% то ба 613,0% расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 38,2 фоизро ташкил дод.

Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рўи 68 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд: аз ҷумла, дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2016 корхонаҳои саноатии шаҳр 73,5 ҳазор тонна консентрати сурб, рўҳ ва хокаи мис, 10 ҳазору 882,1 тонна орд, 3 ҳазор 496,4 тонна сабўс, 686,0 тонна комбикорм, 205,3 метри мукааб маҳлули бетонӣ, 1 миллиону 523 ҳазор дона зарфҳои шишагин, 20 ҳазор метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ, 222 ҳазор метри мукааб маҳсулоти оҳану бетонӣ, 268 миллиону 912,9 ҳазор квт/соат нерўи барқ, 3000 дал спирт, 2231,3 дал машрубот, 412,7 ҳазор метри мураббаъ маҳсулотҳои қолинӣ, 20,9 тонна қубури оҳанӣ, 16,0 тонна оканаи оташбардор, 45,0 тонна реги кварсӣ, ба маблағи 196,8 ҳазор сомонӣ маҳсулотҳои дўзандагӣ, дар ҳаҷми 1380 метри мукааб оксиген, 422,8 грамм маҳсулоти заргарии тилло, 4761,7 грамм маҳсулоти заргарии нуқра, 26 ҳазору 464 дона пўсти чорво, 215 тонна резасангҳои ороишӣ, 53 км кабел ва дар корхонаҳои хурду миёна дар ҳаҷми 3135,5 метри мукааб санги сохтмонӣ, 54 ҳазор дона хишти блок, 750 метри мураббаъ сафолаки роҳравҳо 10125 кг оҳак ва дигар маҳсулотҳои саноатию ниёзи мардум истеҳсол намуданд.

Моҳҳои январ-марти соли 2017 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон фаъолияти мунтазам дошта бо 16 кишварҳои ҷаҳон алоқаи тиҷоратӣ намуданд ва дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба кишварҳои хориҷа ба маблағи 82 миллиону 656,88 ҳазор доллари ИМА, воридот бошад 20 миллиону 088,19 ҳазор доллори ИМА-ро ташкил дода, фарқияти содирот аз воридот дар ин давра 4,1 маротиба зиёд шудааст.

Дар шаҳр 6 маркази таълимӣ-касбомўзии атласу адрасбофӣ таъсис дода шуда, бо 18 дастгоҳи адрасбофӣ, 21 дастгоҳи қолинбофӣ (5 калон ва 16 хурд) ва 6 мошини дарздўзӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. То ин дам дар ин марказҳо 185 нафар занону духтарони хонашин ба касбомўзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби касбу ҳунар гардиданд. Дар семоҳаи аввали соли 2017 дар марказҳо 250 метр адрас ва 14 калобаи 100 метра, 14 метр гарданбанди занона, 6 қолинча ва 25 метр алоча омода гардид.

Ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ дар шуъбаи фурўши барқи шаҳри Гулистон дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2017, ҳамагӣ: 101,2%, аз ҷумла дар байни аҳолӣ 96,5%, аз тарафи корхонаҳои саноатӣ пардохт 102,5% таъмин карда шудааст. Қарзи истифодаи қувваи барқ дар ин марҳила 290,8 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

Сохтмон ва меъморӣ

Дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2017-ум 5 иншооти истеҳсолию коммуналӣ ва манзилӣ ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ дар ин давра ба маблағи 3 миллиону 475 ҳазору 794 сомонӣ иҷро гардид.

Дар ин марҳила аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 15 миллиону 763,8 ҳазор сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шудааст.

Дар ин давра фондҳои асосӣ ба маблағи 4378,8 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,2%-ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, сохтмони нуқтаҳои савдо аз ҷониби соҳибкорон ба маблағи 3502,8 ҳазор сомонӣ ба роҳ монда шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2016-ум 1631 ҳазор сомонӣ барзиёд буда, 187,1% мебошад. Корҳои пудратӣ дар ин давра ба маблағи 8 638,1 ҳазор сомон иҷро гардида, ин нишондиҳанда назар ба семоҳаи аввали соли пешин 2881,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, мутаносибан 150,1% мебошад.

Нақлиёт ва коммуникатсия

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 ба миқдори 134,6 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ кашонида шудааст, ки 3,9 ҳазор тонна назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд ё баробари 103,0% мебошад. Инчунин, ба 88,6 ҳазор нафар мусофирон хидмат пешниҳод гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли пешин 7,3 ҳазор нафар зиёд буда, мутаносибан 109,0 % -ро ташкил медиҳад.

Дар семоҳаи аввали соли ҳисоботӣ ба корхонаю ташкилотҳо 3 нуқтаи телефонӣ насб шуда, алҳол ғунҷоиши васлшуда 3024 нуқта буда, боз 759 нуқтаи озоди дигар мавҷуд мебошад.

Хизматрасонии коммуналӣ

Дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2017 корхонаҳои коммуналии шаҳр ба маблағи 1 миллиону 910 ҳазору 063 сомонӣ корҳоро ба иҷро расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 508 ҳазору 884 сомонӣ зиёд ё 136,3%-ро ташкил дод.

Аз тарафи шуъбаи ободонӣ дар ҳудуди шаҳру шаҳракҳо, заминҳои наздиҳавлигӣ ва минтақаи истироҳатӣ ба миқдори 2500 бех дарахтони ҳамешасабз, 1961 бех дарахтони мевадиҳанда, 3000 бех сафедор, 18000 гули садбарг, 100 гулкарам, 20000 кўчати гулҳои ороишии ҳархелаи мавсимӣ коштаву шинонида шуд.

Бахшида ба Соли ҷавонон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр як майдончаи сунъии варзишӣ ба маблағи 490 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар ин давра таъмири бом ба масоҳати 120 м2 ба иҷро расонида шуд. Дар назди бинои истиқоматии кўчаи Истиқлол ду майдончаи варзишии бачагонаи нав сохта ба истифода дода, як майдончаи варзишии дохили шаҳр аз таъмир бароварда шуд.

Дар кўчаҳои асосӣ хатти нерўи барқии рўшноидиҳанда ба масофаи 3,0 километр ва 103 симчўби нав карда шуда, чароғҳои диодии замонавии каммасраф насб ва ба истифода дода шуд. Инчунин дар кўчаи асосии шаҳр роҳрави пиёдагардон ба масоҳати 2500 метри мураббаъ сафолакпўш карда шуданд. Кўчаи асосии ҳудуди шаҳр ба масоҳати 500 метри мураббаъ кабудизор карда шуд.

Қитъаи обтаъминкунӣ ва корезии шаҳр дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ ба маблағи 204294 сомонӣ хизмат расонид. Бо мақсади самаранок ва оқилона истифода бурдани оби нўшокӣ 2878 ҳисобченкунакҳои обӣ пайваст карда шуд. Шумораи умумии насбшуда 4943 ададро ташкил медиҳад.

Робита бо ҷомеа

Дар семоҳа бо иштироки намояндагони вилоят ва тарғиботчиёни шаҳр 3 маротиба Рўзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзўъҳои «Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҷомеа ба ояндаи дурахшон”, “Муҳофизи Ватан будан ифтихору сарбаландист», «Наврўз ҷашни ниёгони мост» гузаронида шуда, мазмуну муҳтавои онҳо ба мардум фаҳмонида шуд.

Омўзиши мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22-юми декабри соли 2016) дар корхонаву муассисаҳо ба таври васеъ ба роҳ монда шуда, матни он дар нашрияи маҳалии “Соҳил” аз 23-юми декабри соли 2016, № 46-47 ба нашр расида, 1000 нусха китобчаҳои рўйимизии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраси корхонаву муассисаҳо ва ташкилоту идораҳои ҳудуди шаҳр гардид.

Дар ҳудуди шаҳри Гулистон 4 ҳизби сиёсӣ - Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон, 15 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва 9 иттиҳодияҳои динӣ фаъолият мебаранд, ки мунтазам бо онҳо корбарӣ ба роҳ монда шудааст.

Оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 622 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои таҳлиливу танқидии воситаҳои ахбори омма” аз 7-уми феврали соли 2009 дар давоми се моҳи соли ҷорӣ дар рўзномаи маҳалии “Соҳил” 9 маводҳои таҳлилӣ ва танқидӣ ба табъ расидааст. Ҳамзамон, дар давоми семоҳаи аввали соли равон интишори моҳномаи нави “Гулистони дониш” барои мактабиён роҳандозӣ гардид. Тайи се моҳ дар васоити ахбори кишвар беш аз 50 мавод оид ба набзи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба табъ расонида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 110 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ баргузор гардиданд.

Фарҳанг

Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2017 дар шаҳри Гулистон 24 муассисаҳои фарҳангӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Аз ин 10 китобхонаи оммавӣ, Кохи фарҳангии Истиқлол, 7 муассисаи клубӣ, 4 мактаби мусиқии бачагона, мактаби рассомӣ, осорхонаи шаҳрӣ мебошад. Дар назди бахши фарҳанг ансамбли “Фалак” фаъолият дорад. Инчунин 2 боғи фарҳангиву фароғатӣ ба аҳолии шаҳр хизмат мерасонад. Дар китобхонаҳо махзани китоб 111726 теъдодро ташкил медиҳад.

Дар осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ зиёда аз 2848 нигораҳо мавҷуд буда, ба он 20 маротиба саёҳати насли наврас ва 12 маротиба намоиш, аз ҷумла 3 намоиши сайёр ташкил карда шуд.

Дар ин давра барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ 30000 сомонӣ, барои харидории либосҳои саҳнавӣ 700 сомонӣ ва барои харидани таҷҳизоти равшанидиҳандаи Кохи Истиқлол 2500 сомонӣ дар маҷмўъ 33,2 ҳазор сомонӣ маблағ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо карда шуд. Инчунин дар маркази шаҳр сохтмони мактаби 2 ошёнаи санъат бо сармоягузории ширкати “Ал-Шафар”-и Арабистони Саудӣ идома дорад.

Маориф

Дар шаҳр 15 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мебаранд, ки аз ин шумора 14 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як гимназия буда, дорои 364 синфхона мебошад. Дар муассисаҳои таълимӣ 8433 нафар хонандагон мебошанд, ки аз онҳо 4001 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Миқдори умумии омўзгорон 658 (545 нафарашон занҳо) нафар буда, 573 нафар фаъолияти педагогӣ доранд. Аз шумораи умумии омўзгорон 85 нафар омўзгорон дар рухсатии нигоҳубини кўдак мебошанд. Аз 573 нафар омўзгорон 444 нафар дорои маълумоти олии педагогӣ, 67 нафар бо маълумоти олии нопурра, 62 нафар бо маълумоти миёнаи махсус буда, омўзгорони бо маълумоти миёна фаъолияткунанда нестанд. Аз рўи тахассус 191 нафар дараҷаи олӣ, 134 нафар бо дараҷаи якум, 107 нафар бо дараҷаи дуюм, 141 нафар бе дараҷаи тахассус фаъолият дошта, 34 нафар омўзгорон Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар семоҳа ду нафар омўзгорон бо нишони Аълочии маориф қадрдонӣ карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар даври вилоятии олимпиадаи фаннии хонандагон хонандаи синфи 11-и МТМУ №1 Толибоев Носир аз фанни забон ва адабиёти рус ва хонандаи синфи 11-и МТМУ №8 Юлдошев Шоҳрух аз фанни география иштирок намуда, барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, хонандаи синфи 10-уми МТМУ №14 Усмонова Фирўза соҳиби ҷои дуюм гардид.

Мутобиқи нақшаи қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2017-2018 барои шаҳри Гулистон аз рўи 11 намуди ихтисос бо дарназардошти 13 ҷой ва аз ин 7 ҷой барои духтарон ҷудо гардид, ки санаи 18-уми март давраи шаҳрии он ҷамъбаст гардида, 57 нафар довталаб ба давраи вилоятӣ пешниҳод шуд.

Холи миёнаи сатҳи дониш дар мактабҳои шаҳр ба 3,4 баробар аст.

Шумораи умумии компютерҳо дар мактабҳои шаҳр ба 426 адад расида, 79 принтер мавҷуд мебошад. Яъне, аз рўи ин миқдор ба 9 нафар хонанда 1 компютер рост меояд, аммо бо сабаби ба барномаи таълимӣ ҷавобгў набудани 133 компютер ба 11 нафар хонанда 1 компютер рост меояд. Аз рўи барномаи давлатӣ бояд ба як компютер 15 хонанда рост ояд.

Дар шаҳр 9 муассисаи томактабии (як кўдакистони хусусӣ) дорои 64 гурўҳ амал карда, дар онҳо 1520 нафар кўдакон тарбия мегиранд. Ин нишондод 21 фоизи кўдакони синни томактабии шаҳрро ташкил медиҳад.

Қобили қайд аст, ки дар соли 2017 барои рушди муассисаҳои таълимии шаҳр, аз ҷумла, гузаронидани системаи ягонаи гармидиҳӣ, таъмиру тармим ва азнавсозии гурўҳҳои кўдакистонҳо ва муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ зиёда аз 3 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

Дар қайди мақомоти васояту парастории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон 84 нафар кўдакон меистанд, ки аз онҳо 45 нафар кўдак ба васию парасторӣ (28 нафарашон ятими кулл) ва 39 нафар кўдак ба фарзандхонӣ гирифта шудаанд. Ҳамаи кўдакони ба васию парасторӣ гирифта шуда, бо кумакпулӣ таъмин гардидаанд. Дар қайди ШВКД–и шаҳри Гулистон 10 нафар ноболиғони душвортарбия меистанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 3 нафар ноболиғ 3 ҳолати ҷиноятсодиркунӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тандурустӣ

Дар ҳудуди шаҳр 24 муассисаи тиббӣ, аз он 6 беморхона, 7 маркази саломатӣ, 3 хонаи саломатӣ, 1 маркази ташхисиву табобатӣ, 1 маркази назорати давлатию санитарӣ, 3 осоишгоҳ, 1 маркази солимгардонии “Усмонҷон”, ва 1 маркази тибби хусусӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Миқдори табибон 101 нафар буда, аз он 26 нафар дар сохтори госпиталӣ, 47 нафар дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, 10 нафар дар маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ва безараргардонӣ, 1 нафар дар тибби хусусӣ ва 17 нафар дар осоишгоҳҳо фаъолият мебаранд. Кормандони миёнаи тиб бошад 305 нафар буда, аз он 106 нафар дар сохтори госпиталӣ, 118 нафар дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, 12 нафар дар маркази назорати санитарию эпидемиологӣ, 1 нафар дар тибби хусусӣ ва 51 нафар дар осоишгоҳҳо адои вазифа менамоянд.

Ба соҳаи тандурустӣ дар ин давра бо қарорҳои раиси шаҳр барои таъминоти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда бо дорувориҳо ва лавозимотҳои тиббӣ 19000 сомонӣ, таъминоти кўдакони синнашон то 3 сола ва маъюбони модарзоди то 18 сола бо дорувориҳо 14000 сомонӣ, барои расонидани кўмаки антениталӣ занҳои нахустҳомила 21500 сомонӣ, барои хуни бехатарии донорӣ 5000 сомонӣ маблағ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо карда шуд.

Инчунин баҳри таъмиру тармим ва барқарорсозии муассисаҳои тандурустии шаҳр дар соли 2017 аз буҷети маҳаллӣ 1 милиону 574 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, дар беморхонаи марказӣ ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ таъмир идома дорад. Аз маблағи зикргардида барои харидани таҷҳизоти тиббӣ 422 901 сомонӣ пешбинӣ гардида, дар семоҳа ба маблағи 15000 сомонӣ таҷҳизот харида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ташкилоти байналмилалии фонди глобалӣ ба маркази солимии репродуктивии шаҳр ба маблағи 10885 сомонӣ маводҳои пешгирикунандаи ҳамли номатлуб ворид гардид.

Дар сохтори госпиталии шаҳр 375 кат мавҷуд буда, дар ин давра ба беморхонаҳои шаҳр 6134 нафар беморон бистарӣ ва 6124 нафар беморон хориҷ карда шуд, ки нисбати соли гузашта мутақобилан 540 нафар ва 614 нафар зиёд мебошад. Фавти кўдакони то синни 1 сола 2 ҳодиса ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳодиса кам мебошад.

Бояд қайд кард, ки дар ин давра 327 нафар занҳои ҳомила ба қайд гирифта шуда, ба назорати комили то таваллуд фаро гирифта шудааст ва байни ҳомиладорон камхунӣ кам гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ 56 нафар шаҳрвандон барои гузаштан аз муоинаи тиббии ҳатмии пеш аз издивоҷ муроҷиат намуданд, ки ба тариқи ройгон аз муоина гузаронида шуданд ва бо ин мақсад 7500 сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо карда шуд.

Теъдоди гирифторони вируси норасоии масъунияти одам дар шаҳр 90 нафар буда, аз он 35 нафарашон занҳо мебошанд ва дар давраи ҳисоботӣ 4 нафар сироятёфта ба қайд гирифта шуд. Баҳри пешгирӣ ва сари вақт дарёфт намудани ин беморӣ аз 1968 нафар таҳлили лабаратории хун барои муоина гузаронида шуда, то ба имрўз аз ин беморӣ 37 нафар фавтидаанд.

Дар семоҳа 9 нафар гирифторони бемории сил ба қайд гирифта шуда, нисбати соли гузашта 7 нафар зиёд буда, алҳол дар қайди диспансерӣ 51 нафар меистанд. Ҳамаи беморон ва гумонбаршудагон аз муоинаи флюрографӣ ва аз ташхис ба таври ройгон гузаронида мешаванд. Инчунин 9 нафар гирифторони бемории сил аз пардохти хизматрасонии барқу об озод карда шуданд.

Дар қайди диспансерӣ 37 нафар нашъаманд, 70 нафар майзада меистад. Дар қайди назорати тиббӣ 94 нафар гирифторони бемории саратон қарор дошта, 3 нафари онҳо дар давраи ҳисоботӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар давоми се моҳ дар ҳудуди шаҳри Гулистон бемориҳои сироятӣ ба монанд: вабо, тоун, ҳорӣ, сўхтанӣ, фалаҷ, сурхакон, буғумдард, сулфаи кабудак, домана, вараҷа ва бемориҳои шадиди рўдаю меъда ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин давра пастравии сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳои ҷароҳатбардорӣ 9 ҳодиса (16-7), зардпарвини “В” (доранда) 1 ҳодиса (3-2), обакон 0 ҳодиса (8-8), оташак 1 ҳодиса (2-1), лешманиоз 3 ҳодиса (6-3), пайдо намудани киҷҷа 9 ҳодиса (43- 34-), трихофатия 5 ҳодиса (5-0) ба қайд гирифта шуд. Ҳамзамон, баландравии сатҳи бемориҳои сироятӣ ба монанди: бемории сил 7 ҳодиса (2-9), зардпарвини “А” 1 ҳодиса (13-14) шабушак 3 ҳодиса (0-3) ба қайд гирифта шуд. Дар ҳамаи қураҳои бемориҳои сироятӣ корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, ҳодисаҳои ба беморӣ гирифтор шудан зери санҷишҳои эпидемиологӣ қарор дорад. Ҷароҳатбардоштагон аз газидани сагҳо 7 нафарро ташкил дода, ҳамаи онҳо дар вақташ эмгузаронӣ карда шуд.

Бояд қайд кард, ки бахшида ба моҳонаи пешгирӣ ва табобати бемории сил дар озмуни вилоятӣ маркази саломатии шаҳр ҷойи аввалро ишғол намуд.

Вазъи соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ

Дар давраи ҳисоботӣ музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 1899 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 320 сомонӣ зиёд мебошад (соли 2016–1579 сомонӣ). Пардохти музди меҳнати кормандони корхонаҳои буҷетӣ сари вақт таъмин шудааст.

Шумораи умумии ҷойҳои кории доимӣ 10678 ададро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли пешин 589 адад зиёд аст. Алҳол дар шаҳр ҳамагӣ аз тарафи 17 корхонаи кордиҳанда 266 ҷойи кории холӣ ба корҷўён пешниҳод шудааст.

Дар ин давра шумораи бекорони ба қайд гирифташуда 209 нафар буда (82 нафар зан), 178 нафарашон расман мақоми бекорӣ (66 нафар зан) доранд. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи муроҷиаткунандагон 8 нафар афзудааст.

Дар бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Гулистон 981 нафар оилаи камбизоат ба қайд гирифта шудаанд. Ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои истифодабарии қувваи барқ барои моҳҳои январ-феврали соли 2017 ба маблағи 58726 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки аз тарафи комиссияи шаҳрӣ маблағи воридшуда барои пардохт мувофиқи дархост ва рўйхатҳои пешниҳодшуда тақсим гардидаст.

Дар ин давра ба 426 нафар ба маблағи 55025 (панҷоҳу панҷ ҳазору бисту панҷ) сомонӣ ёрии яквақтаи моддӣ расонида шуд.

Дар қайди шуъбаи агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр 3375 (243 суғуртавӣ) нафар нафақахўрон меистанд. Ҳаҷми миёнаи моҳонаи нафақаи нафақахўрон 296 сомонию 97 дирамро (соли 2016 – 252,82) ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 44,15 сомонӣ зиёд шудааст. Талаботи нафақа ва кумакпулӣ дар семоҳаи аввали ҳисоботӣ 3 миллиону 97 ҳазору 186 сомониро дарбар мегирад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 620 ҳазору 042 сомонӣ зиёд буда, бо пуррагӣ маблағгузорӣ шудааст.

Муҳоҷирати меҳнатӣ

Дар семоҳаи аввали соли 2017 мувофиқи маълумотҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, роҳи оҳани вилояти Суғд ва қўшунҳои сарҳадӣ аз шумораи сокинони шаҳри Гулистон 465 нафар ба хориҷа сафар намуданд (мардон-435 ва занон-30 нафар), ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта (соли 2016-617 нафар) 152 нафар кам мебошад.

Кор бо занон ва оила

Дар шаҳр 44 800 нафар аҳолӣ сукунат дошта, 23 000 ё 51%-и аҳолиро занон ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти оморӣ дар соҳаҳои асосии хоҷагии халқи шаҳрамон 60%-и кормандонро занон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 87%, дар соҳаи тандурустӣ 81%, хизматчиёни давлатӣ 47%, соҳибкорон 40%, дар соҳаи фарҳанг 54% бонувон фаъолият мебаранд. Шумораи занони роҳбар бошад беш аз ба 50 нафар расида, 37%-и роҳбаронро ташкил медиҳад. Дар шаҳр 1 нафар зан намояндаи Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 10 нафар занон намояндагони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва 17 нафар занон намояндагони Маҷлиси ҷамоати шаҳракҳо интихоб шудаанд ва ин нишондод нисбати даъвати гузашта 15% афзудааст. Қобили тазаккур аст, ки раиси шаҳр ва раиси суд бонувон буда, 2 нафар роҳбари бонк ва 3 нафар раисони ҷамоати шаҳракҳо аз ҳисоби занон мебошанд. Ҳоло 42 нафар занон ба соҳибкории хурду миёна машғуланд. Дар ин давра 32 нафар занону духтарон ба касбу кори гуногун ба кор қабул карда шуд.

Алъон, 411 нафар донишҷўдухтарон аз шаҳри Гулистон дар донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар таҳсил менамоянд. 34 нафари донишҷўёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунандаи шаҳрро духтарон ташкил медиҳад.

Дар ин давра 7 нафар занон 7 ҳолати ҷиноят содир намуданд. Инчунин дар ин давра 2 ҳодисаи сўиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занон ба вуқўъ пайвастааст.

Кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Соли ҷавонон Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иборат аз 51 банд тасдиқ гардид. Санаи 10-уми феврали соли 2017 роҳпаймоии оммавии ҷавонон ва сокинон дар Боғи фарҳангиву фароғатии 24-солагии Истиқлолият бо иштироки зиёда аз 1100 ҷавонон гузаронида шуд. Санаи 1-уми март мулоқоти Раиси шаҳр бо донишҷўёни гулистонӣ, ки дар донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд, баргузор гардида, ба 10 нафар хонандагони фаъол Сипосномаи Раиси шаҳр ва ба 90 нафар ба маблағи 100 сомонӣ кумакпулӣ дода шуд. Инчунин 10 нафар ҷавони маъюб аёдат карда шуда, ба ҳар кадом ба маблағи 150 сомонӣ кумакпулӣ дода шуд. Дар маркази шаҳр ва шаҳракҳо бо иштироки зиёди ҷавонону наврасон бахшида ба ибтикороти ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба “Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” аксия таҳти унвони “Ташаббуси Пешвои миллат” гузаронида шуд.

Дар шаҳр як мактаби варзишии бачагон ва наврасон фаъолият дорад, ки дар он 25 нафар мураббиён фаъолият доранд. Дар мактаби варзишӣ аз рўи 11 намуди варзиш машғулиятҳо амал менамоянд. Дар 58 гурўҳҳои машқӣ бо ҷалби 638 нафар наврасону ҷавонон, аз ҷумла 70 нафар духтарон, машқҳои варзишӣ гузаронида мешаванд.

Варзишгарони гулистонӣ дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ ба гирифтани 170 медал (46 медали тилло, 46 медали нуқра, 78 медалӣ биринҷӣ), дар мусобиқаҳои вилоятӣ ба гирифтани 41 медал (15 медали тилло, 10 медали нуқра, 16 медалӣ биринҷӣ), дар мусобиқаҳо ва чемпионати Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба гирифтани 54 медал (6 медали тилло, 32 медали нуқра, 16 медалӣ биринҷӣ) сазовор гардидаанд. Дар семоҳа Спартакиадаи наврасон оид ба 7 намуди варзиш гузаронида шуд.

Дар шаҳри Гулистон сол аз сол соҳаи туризм рушд ёфта, имкониятҳои мусоид барои истироҳату табобат фароҳам оварда мешавад. Дар шаҳр дар як вақт имконияти қабул намудани 1100 нафар истироҳаткунандагону табобатгирандагон дар осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил» ва урдугоҳи «Шоҳин» ва маркази хизматрасонии “Усмонҷон” мавҷуд буда, 4 меҳмонхона фаъолият дорад. Дар семоҳаи аввали соли 2017 ба минтақаҳои истироҳатию фароғатии шаҳр расман 6782 (нисбати ба соли гузашта 262 нафар зиёд) нафар, аз он ҷумла 832 (нисбати ба соли гузашта 575 нафар зиёд) нафар хориҷиён ташриф оварданд. Маблағи воридшуда аз ташрифи сайёҳон 6 миллиону 189 ҳазор сомониро ташкил дод.

Дар ин давра бо иштироки ҷавонон барои тозаву озода нигоҳ доштани минтақаи истироҳатии шаҳр 2 аксияҳои “Тозагӣ ва корҳои ободонӣ” ва 6 шанбегӣ бо ҷалби ҷавонон гузаронида шуд.

Вазъи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ

Дар давоми семоҳаи аввали соли ҳисоботӣ 51 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 ҷиноят зиёд мебошад. Дар ин давра аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 19 кг 300 гр маводи мухаддир мусодира карда шуд. Сатҳи кушодашавии ҷиноят 92,86%-ро ташкил дод.

Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон

Дар давоми семоҳаи аввали соли 2017 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамагӣ 206 аризаҳои шаҳрвандон (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 42 адад кам), 38 мактубҳои ҷумҳуриявӣ, 336 мактубҳои вилоятӣ, 255 мактубҳои ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ ворид гардид. Аз ҷониби раиси шаҳр дар ин давра 89 қарорҳо ва 31 амрҳо ба тавсиб расиданд.

Дар ин давра бо масъалаҳои шахсии шифоҳӣ аз ҷониби Раиси шаҳр 67 нафар шаҳрвандон қабул гардидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта (соли 2016 -50) 17 адад зиёд мебошанд. Муроҷиатҳои шифоҳӣ чунин ҳаллу фасл гардидаанд: 27 муроҷиати шифоҳӣ ҳалли худро ба таври мусбӣ ёфтаанд, 34 муроҷиат мутобиқи қонунҳои амалкунанда фаҳмонида шуд, 7 муроҷиат муҳлати баррасӣ дошта, 1 муроҷиат рад карда шуд.

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Дар семоҳаи аввали соли 2017 дар ҳудуди шаҳр 120 маъракаҳои гуногун, аз ҷумла 73 тўйи домодию арўсӣ, 21 хатнасур, 13 маросими чил ва 13 маъракаи сол баргузор гардида, хароҷоти умумии маъракаҳо 668740 сомониро ташкил дод. Дар ин давра ба 1 нафар сокини шаҳраки Адрасмон барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маблағи 5000 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд.

Дар давоми семоҳа бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хатнатўйи 38 нафар писарбача аз оилаи ниёзманд ба вуқўъ пайваст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2754
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2754
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53891
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8263403

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?