24 Апрел 2017
Дар толори Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоти Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва касбии вилоят, ки аз маркази шаҳр ва шаҳракҳо таълим мегиранд, ба вуқӯъ пайваст.
Дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баромад намуда, зикр дошт, ки алъон, дар ҳудуди шаҳр ва шаҳракҳои тобеи он 45.800 нафар аҳолӣ сукунат дошта, тақрибан беш аз 30 фисади аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар қаламрави шаҳр 29 корхонаи саноатӣ, беш аз 250 муассиса ва ташкилотҳо, корхонахои хурд ва ширкатҳо фаъолият доранд, ки беш аз 47-тои онҳо ташкилотҳои буҷетӣ мебошанд. Танҳо дар семоҳаи аввали соли равон вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 38,2 фоизро ташкил дод.
Дар корхонаҳои саноатии шаҳр истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 68 намуди аслӣ ба роҳ монда шудааст. Теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 10678 ададро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли пешин 589 адад зиёд аст. Имрӯзҳо дар шаҳр ҳамагӣ аз тарафи 17 корхонаи кордиҳанда 266 ҷойи кории холӣ ба корҷӯён пешниҳод шудааст. Тамоюли рушди саноат дар шаҳр бомайлон пеш меравад ва эҳтиёҷот нисбат ба қувваи корӣ дар мо сол то сол меафзояд. Барои мо мутахассисони соҳибтахассус, заҳматписанд ва кордон хеле заруранд ва мо ҷалби мутахассисони ҷавонро ба соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр яке аз самтҳои асосии фаъолияти хеш қарор додаем. Барои қадршиносӣ ва тарғиби донишандӯзӣ Стипендияи Раиси шаҳр муқаррар карда шудааст, ки ҳамасола барои 25 мактаббачаи аълохон ва фаъол, инчунин Стипендияи кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ барои 10 нафар хонандаи фаъол супорида мешаванд.
Дар интиҳо Раиси шаҳр таъкид намуд, ки итминони комил дорам дар ояндаи на он қадар дур бисёре аз Шумо ба фаъолияти созандаи мардуми шаҳри Гулистон шарик гардида, дар ободу хуррамгардонӣ ва таъмини зиндагии шоитаи мардум саҳмгузор хоҳед шуд.
Сипас, сардори шуъбаи шаҳрии РКДАМ Хаёл Ҳакимов роҷеъ ба авзои кунунии ҷаҳон, суботи ҷомеа, фаъолияти таҳрифгаронаи ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар омилҳои ба ҷавонон зараровар, тарғиби донишандӯзӣ, садоқат ба Ватан ва ғояҳои истиқлолият суханронӣ намуд.
Донишҷӯён Меҳрангез Абдуллоева, Оятуллоҳ Хоҷаев ва Неъматҷон Неъматов баромад карда, барои дастгирӣ ва ғамхориҳо ба Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр изҳори сипосмандӣ намуда, омодагии хешро барои корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ иброз намуданд.
Дар интиҳо ба 62 нафар донишҷӯёни аълохону фаъол ва аз оилаҳои ниёзманд туҳфапулиҳои Раиси шаҳри Гулистон супорида шуд.