02 Май 2017
Дар толори бахши фарҳанги шаҳр мулоқот-суҳбати кормандони масъули мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳарбӣ, аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» бо даъватшавандагон, волидайн ва хонандагони муассисисаҳои таълимии шаҳр дар мавзўи «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шараф аст» доир гардид.
Чорабиниро мудирии шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода кушода, доир ба қарзи муқаддас будани хизмат дар сафи Артиши миллӣ сухан ронд. Муовини Комиссари ҳарбии Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, подполковник Илҳом Бойниёзов, комиссари ҳарбии шаҳр майор Санҷар Қаҳҳоров, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» Аъзам Ҳайдаров, аъзои ташкилоти номбурда Нозим Эшонов, Бахтиёр Ҳомидов, Бозоралӣ Азизов доир ба даъвати баҳорона, масъулияти ҷавонписарон ва волидайн, тақвияти корҳои ҳарбӣ-ватандўстӣ ва монанди ин суханронӣ намуданд. Дар интиҳо масъулин ба саволҳои ҷавонон посухҳо доданд.