02 Май 2017
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқ, Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид. Пас аз садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи даҳум ба кори худ шурўъ намуд. Дар ибтидо котибот, рўзнома, регламенти иҷлосия аз тарафйи вакилон тасдиқ гардид.
Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум масъалаҳои зерин: оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 2014, № 738 «Дар бораи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017» дар шаҳри Гулистон, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Зарчашма» № 19 Иброҳимзода Абдуҷалил оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ, дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаҳои интихоботии «Ваҳдат» № 10 ва «Восифӣ» № 31, дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷгашта дар ҳавзаи интихоботии «Ваҳдат» № 10 ва «Восифӣ» № 31, дар бораи ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум ва тасдиқ намудани қарорҳои Раиси шаҳрро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба масъалаҳои зикршуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Доир ба масъалаи оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 2014, № 738 «Дар бораи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017» дар шаҳри Гулистон муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода маърўза намуда, роҷеъ ба раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017» мушаххас иттилоот дод. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар шаҳри Гулистон 4 муассисаи истироҳатию табобатӣ амал менамояд, ки макони ҷойгиршавии ин иншоот назди соҳили обанбори «Баҳри тоҷик» буда, барои хизматрасонӣ ба сайёҳон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ шароитҳои муносиб муҳайё гардидааст. Дар ин замина, дар осоишгоҳи «Баҳористон» - 802 ҷой, дар осоишгоҳи «Шифо» - 146 ҷой, маркази табобатию солимгардонии «Соҳил» - 76 ҷой ва маркази солимгардонии «Усмонҷон» - 30 ҷой мавҷуд мебошад. Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр 3 меҳмонхона: «Наврўз» - бо 23 ҷой, «Далер» - бо 18 ҷой ва «Соҳил» - бо 27 ҷой фаъолият доранд. Иқтидори шабонарўзии муассисаҳои номбурда барои қабули зиёда аз 1100 нафар меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ баробар мебошад. Дар музокира вакилон Шарифҷон Абдуллоев ва Собитҷон Мақсудов иштирока намуданд.
Дар кори иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муқимҷон Саидов иштирок ва баромад намуд.