Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Бӯстон дар доираи даври 10-ум (марҳилаи дуюм)-и чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм (минтақаи Суғд) оид ба футбол санаи 11-уми августи соли ҷорӣ вохӯрии дастаҳои “Суғдиён”-и шаҳри Бӯстон ва “Гулистон”-и шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Бозии аввалини марҳилаи дуюм пас аз ҷамъбасти марҳилаи аввал ва танаффуси якмоҳа бо қувваи тоза ва басе ҷолибу диданӣ сурат гирифт. Дар қисми аввалӣ дидор бозигарони дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон имкониятҳои зиёди голзаниро ба вуҷуд оварданд, ки дар натиҷа ҳуҷумкори даста ба задани 2 тӯб ба дарвозаи ҳариф мушарраф гардид. Бозигарони дастаи Бӯстон низ дар пайи кӯшишҳои зиёд ба задани як тӯб даст ёфтанд. Ҳамин тавр бо ҳисоби 1 – 2 қисми аввали бозӣ ба охир расид.
Дар қисми дуюми бозӣ футболбозони дастаи “Суғдиён”-и шаҳри Бӯстон ташаббусро ба даст гирифта маротибаи дуюм хати дарвозаи меҳмононро рахна намуданд. Пас аз голи мизбонон бозӣ ҷолибтар гардид ва дар натиҷаи ҳуҷумҳои пайиҳам футболбозони гулистонӣ ба задани 2 туби дигар ба дарвозаи мизбонон муяссар гардиданд.






Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҷамъомади ботантана доир гардид. Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзодаро ба ифтихори Рӯзи варзишгарон манзур намуд.
Варзишгарони арҷманди гулистонӣ!
Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат карда, ба онҳо тансиҳативу хотирҷамъӣв ва хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.
Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бунёду азнавсозии наздик 200 иншоот ба нақша гирифта шуда, давоми солҳои 2018-2020 ба маблағи 310 миллион сомонӣ 157 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.














