6 январи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Роҳбарони давлатҳо рафти иҷрои тавофуқоти дар доираи дуҷониба ҳосилшударо баррасӣ карда, перомуни масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Сарони ду кишвар вазъи кунуниро дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳокима намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки оромӣ ва тартибот ҳарчи зудтар барқарор хоҳанд шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳо, ки ба таъмини сулҳу амният ва субот дар минтақа равона шудааст, таъкид намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
- Шиносоии Раиси вилоят бо корҳои барқарорсозии Боғи фарҳангию фароғатии "Темурмалик"
- ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати соли нави мелодии 2022






Дар толори бахши фарҳанги шаҳри Гулистон санаи 06.01.2022 тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хониши сиёсӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – ҳидоятномаи халқ ба сӯи фардои дурахшон” баргузор гардид. Дар хониши сиёсӣ тарғиботчиён аз муассисаҳои олии вилоят Ҷӯрабек Исомидинов, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи ватан ва археологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Сафар Эркаев, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи ватан ва археологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Мазбут Ҳомидов, номзади илмҳои техникӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр кормандон дар хониши сиёсӣ иштирок доштанд.
ФАРМОНИ
Дирӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.














