15 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, Вазири мудофиа Сергей Шойгу ва муовини роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Козакро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили шарикии стратегии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла масоили нишастҳои сатҳи олии дарпешистодаи СААД ва СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанберо, муҳокима карданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- МАВСИМИ ҲОСИЛҒУНДОРИИ “ТИЛЛОИ САФЕД” ОҒОЗ ШУД
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт иштирок намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд






Дар толори мактаби санъати шаҳр дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр конфренсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Шаҳри ман – ифтихори ман” бахшида ба таҷлили 58-умин солгарди таъсисёбии шаҳри Гулистон бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, донишҷӯёни колеҷи теббии шаҳр ва дигар намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
13 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншоот шинос гардид.
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ сурат гирифт.














