16 июн дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара коргоҳи истеҳсоли макарон ва коркарди меваю сабзавоти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар иншооти навбунёд 20 нафар мутахассиси ватанӣ фаъолият мекунад.
Дар коргоҳи мазкур нушоба, шарбат, мураббо, дар маҷмуъ беш аз 14 намуд маҳсулот аз зардолу, шафтолу, олуча, себ, хурмо, помидор ва ғайра истеҳсол мегардад.
Инчунин хатҳои технологӣ имконият медиҳад, ки аз ҳисоби захираҳои консентрати меваҳои ватанӣ ва бо ворид намудани консентрати мевагиҳои тропикӣ аз қабили апелсин, мандарин, манго ва дигар меваҳои ситрусӣ дар ҳамаи фасли сол истеҳсоли шарбатҳои гуногун ба роҳ монда шавад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии сокинони шаҳри Кӯлоб боздид намуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 боздид намуда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб шинос шуданд
- Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб ва зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ