Дар майдончаи сунъии соҳили обанбори “Баҳри тоҷик” чемпионати шаҳр оид ба футболи хурд дар давоми 10 рӯз мусобиқаи шаҳрӣ дар байни 11 дастаҳои корхонаву ташкилот ва идораву муассисаҳои шаҳри Гулистон гузаронида шуд. Дар мусобиқа тимҳои яккачини МИҲД, ШВКД, ЭКГҚ, МТ Бонки миллӣ, МНДЭС, “Аветсина”, “Ситора”, прокуратура, ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон ва Чоруқдаррон, идораи обу корезӣ ширкат варзиданд.
Мусобиқа хеле шавқовар ва бо иштироки мухлисони зиёд ҷараён гирифт. Дастаи сохтмончиёни “Аветсина” бозӣ ва маҳорати хуб нишон дода, бо ғалаба бар ҳарифони худ мақоми аввалинро ишғол намуд. Дастаҳои яккачини “Ситора” ва МИҲД ҷойҳои дуюм ва сеюмро мутаносибан ишғол намуданд.






Рӯзҳои истироҳат беш аз 150 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон идораву ташкилотҳо, муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ барои ёрӣ расонидан ба деҳқон ба ҳашари пахтачинӣ баромаданд.
Кормандони кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ ба ноҳияи Ашт сафар намуда, як рӯзи кори худро барои беталаф ҷамъ овардани «тиллои сафед» дар ҳашари пахтачинӣ гузарониданд.
14 октябр дар Кохи Борбад мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони соҳаи саноати ҷумҳурӣ баргузор гардид.













