17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз навсозӣ бинои Ситоди отряди сохтмониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити қисми низомӣ шинос шуданд.
Бинои Ситоди отряди сохтмонии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он утоқҳои муосиру барҳаво барои фаъолияти ҳайати шахсӣ фароҳам оварда шудаанд. Тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд.
Ҳамчунин дар бинои ситод толори барҳаво бо 240 ҷойи нишаст бунёд ёфта, барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои гуногун имконияти муосир фароҳам оварда шудааст.






16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро барои баррасии ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.
Дар гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафурови маркази шаҳри Гулистон вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти қудратӣ бо хонандагон ва омӯзгорони ин таълимгоҳ ба вуқӯъ пайваст.
Дар толори Кохи варзишии”Истиқлол”-и шаҳри Гулистон мусобиқаи шаҳрӣ оид ба волейбол байни 8 дастаи мунтахаб аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 14 ва гимназияи маркази шаҳр, № 2-и ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон, №3-и ҷамоати шаҳраки Консой, дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4, 7 ва 12-и ҷамоати шаҳраки Адрасмон баргузор гардид.
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр озмуни беҳтарин дарсҳои кушодро дар мавзӯи «Ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷданӣ, инчунин рафтор намудани хонандагон дар ҳолатҳои фавқулода» ташкил ва гузаронид.













