Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони гумрук, молия, андоз ва бонк имрӯз дар шаҳри Гулистон мулоқоти аъзои Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони вилояти Суғд дар толори бахши муҳити зисти шаҳр баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд Бурҳон Маъруфзода доир ба муҳтавои суханрониии Пешвои муаззами миллат дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар суханронӣ намуд. Сипас сардори шуъбаи муқовимат бо терроризму экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ Прокуратураи вилояти Суғд Таваккал Файзуллозода, намояндаи Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд Меҳрафзун Нурзода баромад намуданд.