Дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди равғани ҶДММ «ЗирвЭко» ба истифода дода шуд.
Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдумубин Абдушукуров таъсис дода шуда, дар он дар як шабонарӯз то 30 тонна равғани растанӣ коркард мешавад.
Равғани хоми офтобпараст, пахта, рапс ва соя аз корхонаҳои равғанкашии ватанӣ ва инчунин аз хориҷи мамлакат ба ин корхона дастрас гардида, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон дар 7 марҳила ва дар шароити пӯшида поксозӣ карда мешавад. Дар натиҷаи полоиши чандкарата равғани безарар, баландсифат ва ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ омода карда мешавад. Дар корхонаи муосири ҶДММ «ЗирвЭко» 40 нафар сокини маҳалӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд. Маоши кормандон ба ҳисоби миёна 1500 сомониро ташкил медиҳад. Таҷҳизоти корхона замонавӣ буда, ҷараёни коркарди равғани растанӣ тавассути технологияи муосир назорат мегардад.






Дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд» — ро ифтитоҳ намуданд.
22 август дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” боздид ба амал оварданд.
Дар ноҳияи Зафаробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун бо шумораи зиёди сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимию созанда баргузор карданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.













