Дар ноҳияи Данғара баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри тозабунёди фарҳанг бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми инсонпарвар ва меҳмоннавози Данғара барои истиқболи гарму самимӣ ва ҷонибдории онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ҷашни истиқлолият, ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва ифтитоҳи як қатор иншоот дар ноҳия табрику таҳният гуфтанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб аз боғи ба номи Сайдалӣ Вализода боздид намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадониро зиёрат намуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ — саноатии «Кӯлоб» ва намоиши махсулоти кишоварзӣ боздид намуданд






12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муҳташами Қасри фарҳангро ифтитоҳ карданд.
Шоми рӯзи 11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии идона ба ифтихори солгарди 28 — уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Шоми 10 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид ба амал оварданд. Дар даромадгоҳи боғи марказии фарҳангӣ- фароғатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонони саодатманди тоҷик бо самимияти хосса ва садоқати бепоён аз Сарвари давлат истиқбол гирифтанд.
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб боғи фарҳангию фароғатии Хуталонро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.













