Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон мулоқоти вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №15 “Қайроққум” ва аз ҳавзаи интихоботии №16 “Адрасмон” бо интихобкунандагон доир гардид.
Дар толори Мактаби санъати шаҳр мулоқоти вакил аз ҳавзаи интихоботии №15 “Қайроққум” Сатториён Матлубахон Амонзода ба вуқӯъ пайваста, вакил доир ба шарҳи моҳият ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.





















