Ҳангоми варақ задани саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо чашмам ба навиштаи иғвобарандози кўри наҳзатӣ ва мазҳабфурӯш Кӯри Сайидюнус (аз истифодаи насаби «Истаравшанӣ» худдорӣ мекунам, зеро алоқаманд намудани ин шахси ҳуввиятгумкарда ва ватанфурӯш бо номи ин шаҳри бостонӣ таҳқир ба Истаравшану истаравшаниҳост) бархўрд. Аз хонандагони гиромӣ маъзарат мехоҳам, ки чунин истилоҳоти сахтеро истифода мебарам, вале ҳар чизе ва касеро бо исми худаш бояд номбурд. Агар кўр намебуд, рўйирост воқеиятро таҳриф ва ҷониби Ватани аҷдодии худ санги дурӯғину бофтаи маломатро намепартофт.