Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои қаламрави шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон – парчамат поянда бод!” ва итфитоҳи агрегати якуми НБО “Роғун” ба роҳ монда шуд.
Дар баргузории хониши сиёсӣ тарғиботчиён аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шарифҷон Тоҷибоев, доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва собиқадори меҳнат Маҳкамбой Миркамолов, инчунин тарғиботчиёни маҳаллӣ иштирок намуда, доир ба мавзӯи Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баромадҳо карданд. Дар шаҳракҳо бошад хониши сиёсӣ бо иштироки тарғиботчиёни маҳаллӣ ба роҳ монда шуд.






Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол»-и шаҳри Гулистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бо иштироки омӯзгорон, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, мактабиён ва ҷавонони фаъоли шаҳр дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди устувори мамлакат» баргузор гардид.
14 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супориданд.














