Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони 2 бинои истиқоматии 5-ошёна ҳар кадоме бо 25 ҳуҷра барои хизматчиёни давлатӣ оғоз бахшиданд.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки биноҳо ҳар кадоме дар масоҳати 2 ҳазору 486 метри мураббаъ сохта мешаванд ва онҳо ба ободии ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат зебогии дигар зам менамоянд.