Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»—ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони ин муассисаи байналмилалии Тоҷикистону Бритониё 28 апрели соли 2017 санги асос гузошта, ҳамон вақт сохтмончиёнро ба иҷрои босифати корҳо ҳидоят карда буданд.
Инак бинои мактаби муосир дар давоми яку ним сол бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланди меъморӣ бунёд ва бо иштироки Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.