Дар шаҳри Истравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи замонавии “Киропол”- ро дар хиёбони “Истиқлол” дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.
Фармоишгари бунёди меҳмонхона соҳибкори ватанӣ Эргашев Бурҳон буда, лоиҳакашон - Корхонаҳои Воҳиди Давлатии “Меъмор”, “Лоиҳакаш”-и шаҳри Истаравшан ва пудратчӣ ширкати сохтмонии “Уротеппа” мебошад.