Бо мақсади шинос шудан ба ҷараёни фаъолияти корхонаҳои саноативу истеҳсолии воқеъ дар шаҳракҳои Чоруқдаррон ва Консой Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҳамроҳ бо мудирони шуъбаву бахшҳои иқтисод, саноат, корҳои дохилӣ, нозироти андоз, экология, барқ, маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ва беморхона ба ин ҷамоатҳо сафари корӣ анҷом дод. Нахуст ба маркази атласу адрасбофии воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ташриф оварда, ба дастранҷи кормандони он шинос шуд.
Дар зимни боздид тазаккур дод, ки соли ҷорӣ аз ҷониби Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, ки ин ибтикор аз ҳамаи шаҳрвандон, хосса шумо, ки бевосита ба ҳунарҳои мардумӣ сарукор доред, масъулияти бештарро тақозо менамояд. Имсол бояд ҳамаи кӯшишу талоши худро ба харҷ дода, барои дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ намудани ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзандаи худро гузоред.






Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз навсозӣ шинос шуда, дар ҷаласаи Ассамблеяи 17-уми генералии Кумитаи олимпӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Раиси шаҳри Гулистон муҳтарама Сатториён Матлубахон Амонзода аз корхонаҳои саноатии ҳудуди шаҳраки Сирдарё боздид ба амал оварда, бо роҳбарони корхонаҳои ҶДММ «Сахо и К», ҶДММ «Хубон» ва ҶДММ «Чархи гандумӣ» дидору гуфтугў намуд. Дар раванди гуфтугў маълум гардид, ки баъзе сехҳои корхонаи ҶДММ «Сахо и К» бо сабаби гарон будани маблағи андоз фаъолият наменамоянд.














