Дар шаҳраки зебоманзари мо Адрасмон вохўрии гурўҳи корӣ доир ба тавзеҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо сокинон баргузор гардид. Банда низ дар ин мулоқот иштирок намуда, аз баромадҳои тарғиботчиён нисбати нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат тассуроти бештару пурсамар бардоштам.
Махсусан, баромади муовини раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азизулло Мирзозода бароям як ҷаҳон ғизои маънавӣ дод. Дар навбати худ ҳамчун омўзгори ҷавон азм дорам, бо дасту дили гарм ва нерўи созанда фаъолияти хешро густариш бахшида, дар тарбияи насли наврас дар рўҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиромгузо- рӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият саҳм-гузор бошам.






Таҳти раёсати Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷаласаи Комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо баргузор гардид. Дар оғоз Раиси шаҳр тазаккур дод, ки ҳарчанд аз ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» даҳ сол сипарӣ шуда бошад ҳам, вале ҳанўз дар татбиқи он баъзе нуқсонҳо ба назар расида, аз ҳар як фаъоли ҷомеа тақозо мешавад, ки ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани бандҳои он корҳои тарғиботӣ-ташвиқотиро тақвият бахшанд.
Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурўҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода, дар Ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкилот ва муассисаву идораҳо барои шарҳи Паёми Пешвои миллат ҷамъомаду мулоқот, вохўрию суҳбатҳо роҳандозӣ мешаванд.












