Дар шаҳраки Чоруқдаррон ду мулоқоти гурўҳи корӣ бо фаъолон ва сокинони шаҳрак доир гардид.
Мудирони бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Манучеҳр Шарипов, кор бо занон ва оила Ойнисо Раҳматова, сабти асноди ҳолати шаҳрвандон Раъно Раҷабӣ оид ба суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохўрӣ бо фаъолони кишвар ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», масъалаҳои масъулияти падур модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии зўроварӣ дар оила, фарҳанги либоспўшӣ ва монанди ин баромадҳо намуданд.






Тибқи дастури Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода гурўҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода дар ҳайати мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, мудири шуъбаи маориф, мудирони бахши нақлиёт ва коммуникатсия, саноат ва энергетика, меъморӣ ва ҳифзи муҳити зист ба шаҳраки Чоруқдаррон сафари корӣ анҷом дода шуд.
Тибқи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода зимни боздид аз шаҳраки Адрасмон роҷеъ ба вусъати корҳои созандагӣ дар ҳудуди шаҳрак ва деҳоти тобеи он, ҷамоати шаҳрак барои ободони шаҳраки кўҳканон тадбиру чораҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Дар толори ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқот бо иштироки гурўҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолони шаҳрак, раисони маҳаллаҳо, фаъолзанон, ҷавонон ва намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ доир гардид. Раиси ҷамоат Сафар Нурматзода ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида, доир ба татбиқи қонуни номбурда дар шаҳрак иттилоъ дод.














