04 Декабр 2015
Дар Кохи Истиқлоли маркази шаҳр бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВМНО (СПИД) чорабинӣ таҳти унвони «Мо ҳаёти солимро интихоб менамоем» доир гардид. Дар оғоз дастпарварони мактаби варзишии наврасони шаҳр аз рӯи намуди тэквандо ва гӯштингирӣ ҳунарҳои андӯхтаи худро намоиш доданд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Қайроққум Илҳом Мадализода доир ба тарзи ҳаёти солим суханронӣ намуда, ҳушдор дод, ки ҳар фард бояд тандурустии хешро ҳифзу эмин нигаҳ дорад, онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намояд.
Сипас толибилмони муассисаҳои таълимии № 1,14 ва гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров саҳначаҳоро роҷеъ ба рӯйдодҳои мухталиф ва манфиву манфур дар зиндагии бархе аз наврасону ҷавонон манзури ҳамагон намуданд.
Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр таҳти сарпарастии санъаткори мутоз ва шинохта Фатҳулло Абдуллоев барномаи марғуби консертиро пешкаши тамошобинон карданд.
Дар интиҳои чорабинии хотирмон ба ғолибони озмунҳои «Иншои беҳтарин», «Варзишгари чолок», «Варақаи иттилоотии беҳтарин» ва «Саҳначаи беҳтарин» туҳфаҳои қимматноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум дар зери кафкӯбиҳои пурмавҷи мухлисон супорида шуданд.