21 Сентябр 2024
Пахта яке аз муҳимтарин ва қадимтарин растании нахдору равғандиҳандаи техникӣ ба ҳисоб рафта ба қатори дастовард ва боигариҳои Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Кишоварзони пахтакори вилояти Суғд тибқи дурнамо тасмим гирифтаанд, ки нисбат ба давраи соли гузашта имсол низ натиҷаи дилхоҳ бадаст оваранд.
Гуфта мешавад, ки ҳамарӯза қариб 55 ҳазор пахтачину ҳашарчиён ба майдони пахтазор баромада, барои ғунучини саривақтӣ ба пахтакорон кӯмак мерасонанд.
Имрӯз 21.09.2024 барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон якҷо бо кормандони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо ҷиҳати расонидани кумак барои саривақт ҷамъоварии ҳосили хоҷагии деҳқонии “Абдураҳим Ҷумаев”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар карда шуданд.
Дар ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” беш аз 200 нафар чинакчиён аз шаҳри саноатӣ, яъне шаҳри Гулистон иштирок намуданд.
Ба дастранҷи заҳмати кишоварзон баҳои баланд дода шуда, қайд карда шуд, ки шаҳри Гулистон ҳамеша омода аст, ки дар ҳосилғундории пахта бо деҳқонон паҳлу ба паҳлу бошад ва барои ғанӣ гардонидани хирмани "тиллои сафед" ҳиссагузор бошад.
Роҳбарияти хоҷагии деҳқонии болозикр иброз намуд, ки нашъунамои пахта хуб авҷ гирифтааст ва умед аст, ки аз ҳар як гектар замин аз 30 то 50 сентнер ҳосил ҷамъоварӣ карда шавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати то фасли сармо ҷамъоварии ҳосили пахта ба деҳқонон кумаки худро дареғ намедорад.