Матни равон

Пахта яке аз муҳимтарин ва қадимтарин растании нахдору равғандиҳандаи техникӣ ба ҳисоб рафта ба қатори дастовард ва  боигариҳои Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Кишоварзони пахтакори вилояти Суғд  тибқи дурнамо тасмим гирифтаанд, ки нисбат ба давраи соли гузашта  имсол низ натиҷаи дилхоҳ бадаст оваранд.

Гуфта мешавад, ки ҳамарӯза  қариб 55 ҳазор пахтачину ҳашарчиён ба майдони пахтазор  баромада, барои ғунучини саривақтӣ ба пахтакорон кӯмак мерасонанд.

Имрӯз 21.09.2024 барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон якҷо бо кормандони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо ҷиҳати расонидани кумак барои саривақт ҷамъоварии ҳосили  хоҷагии деҳқонии “Абдураҳим Ҷумаев”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар карда шуданд.

 

Дар ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” беш аз 200 нафар чинакчиён аз шаҳри саноатӣ,  яъне шаҳри Гулистон иштирок намуданд.

Ба дастранҷи заҳмати кишоварзон баҳои баланд дода шуда, қайд карда шуд, ки шаҳри  Гулистон ҳамеша омода аст, ки дар ҳосилғундории пахта бо деҳқонон паҳлу ба паҳлу бошад ва барои ғанӣ гардонидани хирмани "тиллои сафед" ҳиссагузор бошад.

Роҳбарияти хоҷагии деҳқонии болозикр иброз намуд, ки нашъунамои пахта хуб авҷ гирифтааст ва умед аст, ки аз ҳар як гектар замин аз 30 то 50 сентнер ҳосил ҷамъоварӣ карда шавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати то фасли сармо  ҷамъоварии ҳосили пахта ба деҳқонон кумаки худро дареғ намедорад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:625
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8635
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11025
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11288
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:44560
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8145877

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?