18 Июн 2025
Санаи 17 июни соли 2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи дуюмии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум доир гардид.
Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.
Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ ва раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи иҷлосия панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси шаҳр, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузор шуд.
Аз рӯи масъалаи якум оид ба тадбирҳои амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиаи гражданӣ" дар шаҳри Гулистон муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода суханронӣ намуд.
Доир ба барраси масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия доир ба ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон №267 аз 24.04.2024 "Дао бораи ворид буҷети шаҳри Гулистон барои соли 2025" лоиҳаи қарор пешниҳод гардида, бо овоздиҳии якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.
Тибқи масъалаи сеюми рӯзнома раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон доир ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг, муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон ҳисобот манзур намуд.
Ҳамчунин, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Саъдӣ" №29 Охунова Мушарраф оид ба ваколатҳои вакилӣ шунида шуд.
Тибқи масъалаи охири рӯзнома тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Темур Туйчизода доир ба рафти тадбирҳои амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиаи гражданӣ" дар шаҳри Гулистон ибрози назар намуда, барои тақвияти корҳо таклифҳо манзур намуд.
Дар фарҷом Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва дигар тадбирҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори Иҷлосия хотима ёфт.