Матни равон

Санаи 17 июни соли 2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи дуюмии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум доир гардид.

Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ ва раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи иҷлосия панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси шаҳр, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Илҳом Пӯлотзода  баргузор шуд.

Аз рӯи масъалаи якум оид ба тадбирҳои амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиаи гражданӣ" дар шаҳри Гулистон муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода суханронӣ намуд.

Доир ба барраси масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия  доир ба ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон №267 аз 24.04.2024 "Дао бораи ворид буҷети шаҳри Гулистон барои соли 2025" лоиҳаи қарор пешниҳод гардида, бо овоздиҳии якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.

Тибқи масъалаи сеюми рӯзнома раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон доир ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг, муовини Раиси шаҳр  Шарифҷони Саидраҳмон ҳисобот манзур намуд.

Ҳамчунин, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Саъдӣ" №29 Охунова Мушарраф оид ба ваколатҳои вакилӣ шунида шуд.

Тибқи масъалаи охири рӯзнома тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Темур Туйчизода доир ба рафти  тадбирҳои амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиаи гражданӣ" дар шаҳри Гулистон ибрози назар намуда, барои тақвияти корҳо таклифҳо манзур намуд.

Дар фарҷом Раиси шаҳри Гулистон  Илҳом Пӯлотзода оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва дигар тадбирҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори Иҷлосия хотима ёфт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2183
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2646
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2183
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17466
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49166
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:82840
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8725587

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?