27 Сентябр 2025
27-уми сентябри соли 2025 ҳайати кормандони МИҲД-и шаҳр - муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, кормандони соҳаи маорифи шаҳр ва ҷамоати шаҳраки Навгарзани шаҳр дар ноҳияи Ашт дар ҷамъоварии тиллои сафед дар Хоҷагии деҳқонии "Муфтоев" саҳмгузорӣ намуданд. Дар Хоҷагии деҳқонии "Муфтоев" дар 84 гектар замин пахта кишт карда шуда, бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳосил ғундошта шуда истодааст.
Ҳамчунин, дар хоҷагии деҳқонии мазкур сокинони шаҳри Гулистон ҳамарӯза дар ғунучини пахта ба деҳқонон кумак намуда истодаанд.