Матни равон

Имрӯз, 18.12.2025 дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар доираи вохуриҳо бо усули мактаб ба мактаб ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Паём-омили муҳими тарбияи Ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳии миллии ҷавонон" бо иштироки хонандагони синфҳои болоии МТМУ №14-и маркази шаҳр ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар кори ҳамоиш Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон, Каримӣ Дилрабо мудири маорифи шаҳр, Партобов Сулаймонбек нозири калони кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар шаҳри Гулистон, Ғаниев Фирӯз мушовир оид ба корҳои тарбиявии шуъбаи маориф ва Раҷабзода Ҳасанбой муовини директор оид ба корҳои тарбиявии МТМУ №14 иштирок ва суханрони намуданд.

Ҳамоиши мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, таъкид карда шуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16.12.2025, ба Маҷлиси Олии кишвар доир ба тамоми самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвавр ироа гардид, дар воқеъ чун санади раҳнамои миллӣ барои сокинон бахусус ҷавонони кишвар хидмат мекунад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳои хеш доир ба ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, зиракии сиёсии, амнияти кишвар ва ҷилавгирии ҷавонон аз ҳодисаву воқеаҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ҳарф мезананд. Дар Паёми навбатӣ низ доир ба ин масъала чанд нуктаҳои муҳимро зикр намуданд.

Аз ҷумла дар Паёми навбатиашон зикр карда шуд, ки: “Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем.

Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем”.

Аз ин лиҳоз, мо ҷавононро месазад, ки корҳоро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоем.

Имрӯз замоне расидааст, ки моҳият ва мақоми андешаи миллии тоҷикон мавриди омӯзиш ва баррасии ҷавонон қарор гирад. Андешаи миллиро ҷавонон бояд ҳамчун шакли тафаккур, маҷмӯи ғояву шуур, унсурҳои ваҳдату ризоият, ҳувият ва ифтихори миллӣ арзёбӣ карда, ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Чунки маҷмӯи дастовардҳои маънавӣ, ғояҳо ва арзишҳои миллӣ, ки тоҷиконро дар тӯли асрҳо аз нобудшавӣ раҳо сохта, ба ваҳдату эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намудааст, тараққиёти бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии моро фаро мегирад.

Инчунин, дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда шуд, ки: “Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд.”

Дар ҳамин баробар аз ҷониби Пешвои муаззами миллат нашри силсила осори “Ахтарони адаб” ва таълифи китоби “Чеҳраҳои мондагор”, барои бедор намудани ҳиссӣ худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон нақши боризи худро мегузорад.

Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз он шукргузор бошанд, ки дар давлати соҳибистиқлол зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд, фарзанди миллати сарбаланду соҳибтамаддун ва Ватани ободу мустақил мебошанд. Ин давлати соҳибистиқлол барои имрӯзу ояндаи онҳо ба андозаи имкон шароит муҳайё сохтааст.

Ҳукумати кишвар ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, хоҳони он аст, ки ҷавонони имрӯза ва созандагони фардои Ватан баробари омӯхтани забони модарӣ ва илму дониш, азбар намудани забонҳои хориҷӣ, истифодаи моҳиронаи технологияи муосир ва дастовардҳои соҳаи компютерӣ, аз таърихи куҳан, мероси гаронбаҳо ва анъанаҳои пурарзиши фарҳанги миллии тоҷикон огоҳ бошанд ва аз миллати қадимаву сарзамини аҷдодии худ ифтихор намоянд.

Қаблан низ Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои хеш таъкид дошта буданд, ки: “Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.”

Пешвои муаззами миллат, дар Паёми навбатии худ бори дигар иброз доштанд, ки: “Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем”.

Ин боварӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат бори дигар мо ҷавононро водор месозад, ки дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок намуда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳмгузор бошем.

Зеро мо дар асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, қарор дорем.

Дар ин баробар ҷавононро лозим аст, ки аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар босамар истифода намуда, баҳри рӯзгори осоиштаи худ ва ободу зебо гардонидани Ватани азизамон кӯшиш намоянд.

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1932
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3205
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12592
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15922
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43771
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64236
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9159258

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?