21 Март 2026
Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр даври шаҳрии Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Як матоъву сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзиву зардӯзӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Матлуба Сатторова, мудири бахши фарҳанги шаҳр Дилноза Каримова, раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон Каромат Қосимова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки ҳадафи асосии баргузории чунин фестивалҳо ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, тарғиби либоси миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси зебоишиносӣ миёни ҷавонон мебошад. Қайд карда шуд, ки бо дастгирии сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқдомҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар ба таври васеъ роҳандозӣ гардида, барои муаррифии арзишҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар рафти фестивал иштирокчиён аз муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷи тиббии шаҳр бо пешниҳоди намудҳои гуногуни либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тарзи зебои ороишу либоспӯшӣ ҳунару маҳорати худро ба намоиш гузоштанд, ки аз ҷониби ҳакамон баҳои баланд гирифт.
Дар фарҷоми чорабинӣ, ғолибон ва фаъолони даври шаҳрии Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Як матоъву сад ранг», арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, риояи фарҳанги либоспӯшии миллӣ, эҳтиром ба расму оинҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар тарбияи ҳисси зебоишиносии ҷавонон бо диплом ва сипосномаҳои бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо сурудҳои рӯҳнавоз ба озмун шукӯҳи хоса бахшиданд.




















