Матни равон

Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо занон ва оилаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр даври шаҳрии Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Як матоъву сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзиву зардӯзӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Матлуба Сатторова, мудири бахши фарҳанги шаҳр Дилноза Каримова, раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон Каромат Қосимова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки ҳадафи асосии баргузории чунин фестивалҳо ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, тарғиби либоси миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси зебоишиносӣ миёни ҷавонон мебошад. Қайд карда шуд, ки бо дастгирии сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқдомҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар ба таври васеъ роҳандозӣ гардида, барои муаррифии арзишҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар рафти фестивал иштирокчиён аз муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷи тиббии шаҳр бо пешниҳоди намудҳои гуногуни либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тарзи зебои ороишу либоспӯшӣ ҳунару маҳорати худро ба намоиш гузоштанд, ки аз ҷониби ҳакамон баҳои баланд гирифт.
Дар фарҷоми чорабинӣ, ғолибон ва фаъолони даври шаҳрии Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Як матоъву сад ранг», арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, риояи фарҳанги либоспӯшии миллӣ, эҳтиром ба расму оинҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар тарбияи ҳисси зебоишиносии ҷавонон бо диплом ва сипосномаҳои бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо сурудҳои рӯҳнавоз ба озмун шукӯҳи хоса бахшиданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:92
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3762
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:3804
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:16547
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64411
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9378274

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?