Матни равон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Ҷамоати шаҳраки Сирдарё аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҳамчун шаҳраки дорои аҳамияти муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб мерафт. Таъсисёбии шаҳрак низ ба ташкили экспедитсияҳои гуногуни геологӣ, гидрогеологӣ ва ҷустуҷӯйи иктишофӣ ҳамбастагӣ дошт. Шаҳрак баъди пушти сар намудани зилзилаи шадиди соли 1985 ба мушкилии сахт рӯ ба рӯ шуда, то соли 1985 инфрасохтор ва фонди манзили шаҳрак барқарор карда шуд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳраки Сирдарё аҳамияти хосаи худро гум накарда, тадриҷан рушд ёфта истодааст.

Алҳол дар шаҳрак якчанд ташкилоту муассисаҳо бомаром фаъолият дошта, дар амалисозии функсия ва вазифаҳояшон муваффақ мебошанд.

Имрӯз, 19.05.2022 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Дар кори Шӯро аъзои Шӯро, гирандагони стипендияи президентӣ, гирандагони стипендияи Раиси шаҳр ва ҷавонони фаъоли шаҳр иштирок доштанд.

Кори Шӯро бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода баргузории Шӯрои мазкурро дар остонаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон фоли нек дониста, ҳозиринро бо рӯзномаи Шӯро шинос намуд. Дар Шӯро ду масъала, ҳисоботи мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар давоми соли 2022 ва тасдиқи лоиҳаи қарор ва нақшаи чорабиниҳои Шӯро баррасӣ гардиданд. Аз рӯйи масъалаи якум Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр суханронӣ намуда, аз натиҷаи фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр маълумот дод.

14-уми майи соли ҷорӣ дар мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва дар литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар баргузор гардид.

Дар олимпиадаи мазкур аз шаҳри Гулистон 5 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд. Пас аз натиҷагирӣ маълум гардид, ки Нилуфар Зоидбоева хонандаи синфи 5-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и маркази шаҳр аз фанни забони русӣ сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра ва Милана Латипова хонандаи синфи 5-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр аз фанни забон ва адабиёти рус сазовори ҷойи 3-юм ва медали биринҷӣ гардидаанд.

Субҳи имрӯз, 18.05.2022 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр дарви шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" оғоз гардид. Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, баргузории озмуни мазкурро ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эамомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба китобу китобхонӣ фарогирии ҷомеа арзёбӣ намуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ғолибони озмун бо омодагии ҷиддӣ дар даврҳои баъдӣ шаҳри Гулистонро ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд. Намояндаи бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҷӯра Юсуфӣ доир ба роҳандозии озмуни мазкур баёни андеша намуд. Директори муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр Эмомалӣ Бобоев доир ба тарзи баргузории озмун ба иштирокчиён маълумот дод.

16 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок намуданд.

Ин нишаст ба 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси Созмон бахшида шуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:648
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:911
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5022
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:5034
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:2562
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:24042
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9388331

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?