25 Март 2026
21 марти соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик”-и маркази шаҳр чорабинии тантанавии идона ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Гулистон, сардори Раёсати Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Убайдзода Иззатулло, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода иштирок намуданд.
Нахуст, муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Гулистон, сардори Раёсати Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Убайдзода Иззатулло сокинони шаҳрро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.
Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ паёми табрикиии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ииштирокдорони чорабинӣ расонид.
Ҳамчунин, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода аз номи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сокинон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро бо фарорасии ин ҷашни аҷдодӣ таҳният гуфт.
Дар идома Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода зикр намуд, ки Наврӯз ҷашни бузурги миллии мо – тоҷикон ва оғози соли нави аҷдодӣ аст, ки ба пешвози фарорасии он табиат ва тамоми мавҷудоти олам эҳё мешавад ва дар ҷону руҳи инсонҳо умед ба зиндагӣ ва дӯст доштани он дигарбора зинда мегардад. Яъне Наврӯз айёми гузариш ба фасли нави зиндагӣ, пирӯзии гармӣ бар сардӣ, ҷашни равшанӣ ва нур, дӯстиву муҳаббат, шодиву хурсандии ҳамагонӣ ва шукуфтани орзуҳо мебошад.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми покниҳоду фарҳангпарвари он меросбари ҳақиқии ин ҷашни оламгир эътироф шудаанд, зеро тамоми суннату ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз маҳз дар сарзамини аҷдодии мо поку беолоиш ҳифз гардидаанд.
Дар ҷаласаи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон намудани 21–уми март зимни ташаббуси як силсила давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки меросбари ин ҷашн аст бо ҳамовозии якдилона қатънома пазируфта шуд. Барҳақ, Наврӯзи байналмилалӣ рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлоли давлати мо гардидааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷойгоҳ ва арзиши бузурги Ҷашни байналмилалии Наврӯз чунин зикр намудаанд: “Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷики таҷлил намоянд. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши рӯҳ ва афкори солим, пиндору кирдору рафтори нек аст”.
Аз рӯи анъана мардуми тоҷик дар арафаи ҷашни Наврӯз ботини худро аз кинаву кудурат ва андешаҳои носолим пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд. Муҳимаш мардуми мо дар ҷашни Наврӯз бо меҳру шафқат сӯи якдигар оғӯш мекушоянд, ба аёдати пирону барҷомондаҳо мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддасу қарзи инсонии хеш мешуморанд.
Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми декабри соли 2025 ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвари азизамон соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон карда шуд. Дар ин соли таърихӣ мо бояд якҷоя бо заҳмату талош ва фидокорӣ барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои нақшаи бунёду азнавсозии иншооти ҷашнӣ ба истиқболи ин ҷашни бузури миллӣ талош намоем. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва азнавсозии 280 иншооти таъиноти гуногунро ба нақша гирифта, то имрӯз 255 адад, яъне 91,1 фоизи онро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст. Барои иҷрои пурраи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ, мебояд ки ҳар яки мо бо рӯҳияи баланди созандагӣ меҳнат намуда, саҳми арзандаи худро гузорем.
Сипас, дар вазъи тантанавӣ Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо медали ҷашнии 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Инчунин, як қатор ташкилоту муассиса ва корхонаҳое, ки дар оростани хаймаи наврӯзӣ фаъолона ширкат намуда буданд бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисми фарҳангии чорабинии идона фарҳангчиёни шаҳри Гулистон, инчунин сарояндагони саршиноси кишвар аз ҷумҳурӣ ва вилоят бо сурудҳои ҷаззобу дилрабову рӯҳнавоз тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Гулистонро шукуҳу ҷалол бахшиданд.






















