25 Март 2026
23 марти соли 2026 дар варзишгоҳи Ҷамоати шаҳраки Консой чорабинии тантанавии идона ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси ҶМТКММ "Апрелевка" баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, директори генералии ҶМТКММ “Апрелевка” Бахтиёр Саидаҳмадзода ва раиси ҷамоати шаҳраки Консой Амир Муҳаббатов иштирок намуда, сокинони шаҳракро ба ин муносибат таҳният гуфтанд.
Зикр карда шуд, ки Наврӯз ҷашни бузурги миллии мо – тоҷикон ва оғози соли нави аҷдодӣ аст, ки ба пешвози фарорасии он табиат ва тамоми мавҷудоти олам эҳё мешавад ва дар ҷону руҳи инсонҳо умед ба зиндагӣ ва дӯст доштани он дигарбора зинда мегардад. Яъне Наврӯз айёми гузариш ба фасли нави зиндагӣ, пирӯзии гармӣ бар сардӣ, ҷашни равшанӣ ва нур, дӯстиву муҳаббат, шодиву хурсандии ҳамагонӣ ва шукуфтани орзуҳо мебошад.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми покниҳоду фарҳангпарвари он меросбари ҳақиқии ин ҷашни оламгир эътироф шудаанд, зеро тамоми суннату ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз маҳз дар сарзамини аҷдодии мо поку беолоиш ҳифз гардидаанд.
Дар ҷаласаи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон намудани 21–уми март зимни ташаббуси як силсила давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки меросбари ин ҷашн аст бо ҳамовозии якдилона қатънома пазируфта шуд. Барҳақ, Наврӯзи байналмилалӣ рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлоли давлати мо гардидааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷойгоҳ ва арзиши бузурги Ҷашни байналмилалии Наврӯз чунин зикр намудаанд: “Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷики таҷлил намоянд. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши рӯҳ ва афкори солим, пиндору кирдору рафтори нек аст”.
Аз рӯи анъана мардуми тоҷик дар арафаи ҷашни Наврӯз ботини худро аз кинаву кудурат ва андешаҳои носолим пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд. Муҳимаш мардуми мо дар ҷашни Наврӯз бо меҳру шафқат сӯи якдигар оғӯш мекушоянд, ба аёдати пирону барҷомондаҳо мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддасу қарзи инсонии хеш мешуморанд.
Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми декабри соли 2025 ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвари азизамон соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон карда шуд. Дар ин соли таърихӣ мо бояд якҷоя бо заҳмату талош ва фидокорӣ барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои нақшаи бунёду азнавсозии иншооти ҷашнӣ ба истиқболи ин ҷашни бузури миллӣ талош намоем.
Сипас, дар вазъи тантанавӣ як қатор фаъолон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ҶМТКММ “Апрелевка” сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисми фарҳангии чорабинии идона фарҳангчиёни шаҳри Гулистон, инчунин сарояндагони маъруф аз маркази вилоят барномаи рангини фарҳангиро манзури иштирокдорон расониданд.






















