25 Март 2026
21 марти соли 2026 дар шаҳри Гулистон Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳр намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сардори Раёсати Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Убайдзода Иззатулло, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо иштирок доштанд. Ҳамчунин, меҳмонон ва оммаи васеи сокинони шаҳр ба тамошои тантанаҳои идонаи наврӯзи шаҳрӣ омада буданд.
Меҳмононро санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо навои карнаю сурнай дар ҷашнгоҳ пешвоз гирифтанд. Хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо қироати шеърҳо дар васфи Наврӯз меҳмононро ба ҷашнгоҳ хайрамақдам гуфтанд.
Сипас, меҳмонон аз хаймаҳои наврӯзии ҷамоати шаҳракҳо, ки муаррифигари расму оини суғдӣ, хатлонӣ, бадахшонӣ, зарафшонӣ буданд дидан карда, доир ба ин ё он хусусияти хоси анъанаҳои наврӯзӣ бо сокинон ҳамсуҳбат гардиданд.
Ҳамчунин, аз хаймаҳои оростаи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, осоишгоҳҳо, коллеҷи тиббӣ, корхонаҳҳои саноатӣ дидан намуданд.
Дар гӯшае аз ҷашнгоҳ занони фаъол шоҳтаоми Наврӯз – суманак омода менамуданд ва дар қатори онҳо гурӯҳи дигари занҳо хӯрокҳои миллӣ оши бурида, ҷуворӣ ва ошпази моҳири шаҳр оши палов.
Таълимгирандагони МД “Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон” навъҳои гуногуни бозиҳои миллиро ба намоиш гузоштанд.
Ҳамзамон, дар идома меҳмонон аз навъҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ аз қабилӣ гӯштингирӣ, шоҳмот, бокс, футбол, волейбол ва футбол, ки аз ҷониби таълимгирандагони мактаби варзишии шаҳр пешниҳод гардид дидан намуданд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сардори Раёсати Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Убайдзода Иззатулло, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода ва Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода зимни боздид аз ҷашнгоҳ ба ҳунару маҳорати иштирокчиёни чорабинии наврӯзӣ баҳои баланд доданд.























