Матни равон

Ҷаласа  Ҷамъбасти семоҳаСанаи 16 апрел дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласа доир гардида, он натоиҷи фаъолияти семоҳаи соҳоти хоҷагии халқро мавриди муҳокима қарор дод. Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Қайроқкум ҷамъомадро ифтитоҳ намуд.

Муовини Раиси шаҳр Ғайратҷон Оқилов оид  ба натиҷаи ҷамъбасти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар семоҳаи аввали соли 2015 баромад кард. Баромадкунанда иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин давра баҳри татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президанти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятро роҳандозӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Таҷлили Наврӯзи байналмилал дар вилояти Суғд ва иштироки Сарвари давлат дар ифтитоҳи корхонаҳои нав, манзили истиқоматӣ, ки аз ҷониби соҳибкор Турсуной Зокирова бунёд ёфт ба кулли сокинони шаҳр руҳу илҳоми тоза бахшид.

 

Зимни баромад қайд карда шуд, ки дар давоми cе моҳи соли равон ба қисми даромади буҷети давлатӣ ба маблағи 17,6 млн. сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 102,3 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Ба буҷет 404,4 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид.  Нақшаи даромади буҷети шаҳр 102,5 % ба иҷро шуда, зиёда аз нақша ба он 129,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид.

Корхонаҳои саноатии шаҳри Қайроққум дар давоми семоҳаи аввал ба маблағи 222,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 103,4 фоизро ташкил дод, ё ки ин нишондиҳанда ба маблағи 7,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 97,7%-и ҳаҷми он ба корхонаҳои саноатӣ, 2,3%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба сектори хусусӣ мансуб аст.

Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, ташкилоту муассиса, шӯъбаю бахш ва Ҷамоати шаҳракҳоро таҳлил намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву норасоӣ ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод. Оид ба фаъолияти Ҷамоати шаҳраки Навгарзан эроди ҷиддӣ гирифта шуд. Кам шудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аз фаъолият бозмонии 6 корхона, пастшавии музди маош, сатҳи пасти ҷалби сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ ба бунёди коргоҳҳои нав, ҳолати ногувори иншоотҳои тандурустию фарҳанг, таъмини босифати нақшаи андоз, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, густариши тадбирҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ҷалби теъдоди зиёди аҳолӣ ба чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, ислоҳи норасоиҳои мавҷудаи соҳаи маориф, татбиқи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», беҳбудӣ бахшидан ба тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии наврасону ҷавонон, рушди эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар маҳалли зист ва дигар масоил роҳбарони соҳаҳои мухталиф, мудирони шӯъбаю бахш, раисони Ҷамоати шаҳракҳоро муваззаф намуд, то чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳамзамон, Раиси шаҳр ҷиҳати беҳбудии фаъолият ва ислоҳи саривақтии норасоиҳои мавҷуда аз мудири бахши энергетика ва саноат Фазлиддин Орипов, сардухтури беморхонаи марказӣ Савригул  Бойматова, раисони Ҷамоати шаҳракҳо ва дигар мудирони шӯъбаю бахш пурсиш ба амал овард.

Дар кори ҷаласаи ҷамъбастӣ сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осими Қосим иштирок ва баромад намуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1852
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5967
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:57104
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8266616

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?