25 Декабр 2018
Дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати халқпарвонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар арафаи ҳар иду айём ин зумра ашхос аз тарафи мақомоти маҳаллӣ, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо новобаста аз шакли моликияташон ба меҳрубониву ғамхориҳои доимӣ фаро гирифта мешаванд.
Бо супориши Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода 25 нафар собиқадорон, ашхоси яккаву танҳо, имконияташон маҳдуд дар дар шаҳри Гулистон аёдат карда шуданд.
Сардори Раёсати сармоягузори ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шарифҷон Аҳмадов, муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ва дигар масъулин аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд эшонро бо фарорасии Соли нави милодӣ табрик намуда, ба онҳо армуғони солинавӣ тақдим намуданд.