25 Декабр 2018
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода машварати корӣ доир гардид.
Машваратро иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон бо суханони муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр карда шуд, ки дар баробари татбиқи саривақтии вазифаҳои муайянгардида, истифодаи самараноки маблағҳои мавҷуда, пешрафти босуботи иқтисодиёт, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва бунёди иншооти хурду бузург, ки ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат намуданд, дар шаҳр боз захираҳо, имкониятҳое, ки то ба имрӯз истифода нашудаанд, мавҷуданд. Бояд ин захираҳо самаранок истифода бурда шаванд.
Ҳамзамон, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода доир ба сифатнок иҷро намудани андоз, бақияи қарзҳо, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатӣ, пардохти саривақтии хизматрасонии шабакаи барқ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва идораи обу ташноб, таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ, фаъолияти ҷамоати шаҳракҳо, соҳаи маориф, ҳифзи муҳити зист, хоҷагии коммуналӣ, фаъолияти идораи нотариалӣ, масъалаҳои ободонӣ, ҳашари ниҳолшинонӣ, зимистонгузаронӣ ва монанди ин ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Тазаккур дода шуд, нақшаҳои баргузории чорабиниҳо ба ифтихори таҷлили Соли нави милодӣ муташаккилона дар сатҳи баланд ва тибқи қонуни танзим ба вуқӯъ пайвандад.