25 Декабр 2018
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо дар шаҳри Гулистон корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф вусъат меёбад.
Дирӯз ибтидо аз даромадгоҳи ғарбии шаҳр маъракаи лолашинонӣ бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷараён гирифт.
Дар маҷмӯъ дар шафати кӯчаҳои асосӣ, аз ҷумла кӯчаҳои Истиқлол, Исмоили Сомонӣ, Суғдиён, дар назди муассисаҳои таълимӣ, минтақаи истироҳатқ ба миқдори 20 ҳазор дона гули лола шинонда шуд.
Корҳои ниҳолшинонӣ, хуррамгардонӣ ва ободонии шаҳр бо вусъати тоза идома дорад. Дар шаҳр рӯзи 29-уми январ ҳашари ниҳолштинонӣ эълон гардидааст.