Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум баргузор гардид.

Иҷлосия бо танинандозии Суруди Миллӣ ифтитоҳ ёфт. Пас аз интихоботи котиботи иҷлосия, вакилон рӯзномаи иҷлосияро тасдиқ намуданд. Доир ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12-уми декабри соли 2018, № 1159 “Дар бораи аз вазифаи Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод намудани Сатториён Матлубахон Амонзода” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 2018, № 1160 “Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд таъин намудани Шарифзода Фирдавс” иҷлосия қарорҳои дахлдор қабул кард.

Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Абдуаҳад Ҳакимзода оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2018 ва вазифагузориҳо барои соли 2019 маърӯза намуд. Раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқ оид ба масъалаҳои саноат, сохтмон, алоқа, хоҷагии коммуналӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ Бахтиёр Маҷидов, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Ғалаба», № 25  оид ба вазъи воқеии корхонаи саноатӣ суханронӣ кард.

Доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 80 “Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода суханронӣ намуд. Оид ба ин масъала вакил аз ҳавзаи интихоботии «Мирзо Турсунзода», №18 Шарифҷон Абдуллоев ба музокира баромад.

Сардори Раёсати молияи шаҳри Гулистон Аъзам Муротзода дар бораи буҷети шаҳри Гулистон барои соли 2019 маърӯза намуд. Оид ба ин масъала аъзои Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет Ҳасан Иброҳимӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Навгарзан», № 35 ба сухан баромад. Каромат Қосимова вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Лоиқ”, № 34 доир ба фаъолияти комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг ҳисобот дод. Вакилон инчунин ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Наврӯз», №22 Убайдулло Анваровро доир ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ шуниданд.

Иҷлосия ҳамчунин масъалаи дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Балхӣ» № 2 ва дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Балхӣ», № 22»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳайати комиссияи интихоботӣ ва рӯзи гузаронидани интихоботро санаи 10-уми феврали соли 2019 рӯзи якшанбе таъин намуд. Дар поёни кори иҷлосия вакилон қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Гулистонро вобаста ба маблағгузории чорабиниҳои гуногун тасдиқ намуданд.

Дар кори иҷлосияи ҳабдаҳум намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Баҳром Яъқубов иштирок ва баромад намуд. Пас аз танинандозии Суруди Миллӣ иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр пӯшида эълон гардид.

Дар фарҷом иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон дар назди вакилон ва фаъолон баромад карда, доир ба ҷамъбасти ниҳоии соли тақвимӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, масоили андозу молия, сармоягузорӣ, вазъи саноат, ҷоннок намудани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб, соҳаи маориф ва тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тақвияти корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ, баргузории чорабиниҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ ва монанди ин ба масъулин вазифагузориҳои мушаххас намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1475
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1734
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4826
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:10675
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:12847
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:66589
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8288948

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?